Ҳабарҳо

Вазъи макроиқтисодӣ ва чолишҳои системаи бонкдорӣ дар ҷаҳон

Имрӯз иқтисодиёти ҷаҳон дар натиҷаи бавуқӯъпайвастани як қатор зарбаҳои хатарноку бесуботикунанда, дар як вазъи ногувор қарор дорад. Пас аз ду соли давраи сироятии бемории “соvid”, оғозу раванди ҷанги Федератсияи Русия бар зидди Украина дар соли ҷорӣ ва таъсири ҷаҳонии ин нооромиҳо ба бозорҳои мол, ба сатҳи баланди таваррум ва вазъи ноустувори молиявӣ оварда, коҳишёбии суръати рушди иқтисодии ҷаҳонро шадидтар намуд. 
Вазъи ноороми имрӯза дар ҷаҳон боиси болоравии нархҳо ва ноустувории бозорҳои молу пул гардида, ба афзоиши назарраси нархи маҳсулоти хӯрока оварда расонд, ки ин ҳолат ба ноамнии ғизо ва сатҳи камбизоатии шадидро дар бисёре аз кишварҳои рӯ ба тараққӣ ба миён овард.
Айни замон, дар ҷаҳон хатарҳои хавфҳои сиёсӣ-иқтисодӣ-молиявӣ бештар гашта, метавонанд барқароршавии иқтисодиёти ҷаҳонро дар даври миёнамуҳлат боздоранд. Аз ҷумла, болоравии сатҳи таваррум дар ҳамбастагӣ бо коҳишёбии рушди иқтисодиёт ва афзоиши сатҳи бекорӣ бештари кишварҳои ҷаҳонро ба стагфлятсияи иқтисодиёт рӯ ба рӯ овардааст. Барои маълумот нишондиҳандаи рушди иқтисодёт, яъне Маҷмуи маҳсудоти дохилӣ(ММД) дар нимсолаи 1-уми соли ҷорӣ дар ИМА баробар ба 0,2%(соли 2021 андозаи 6,9%),  Иттиҳоди Аврупо 4.2%(соли 2021 5,4%), дар Ҷумҳурии мардумии Чин андозаи  0,4 %( соли 2021  8,1%), Туркия 7,6% (соли 2021 андозаи 11,0%) шудааст. Ҳамзамон нишондиҳандаи сатҳи таваррум  дар ин кишварҳо дар ин давра босуръат боло рафтааст, аз ҷумла, дар моҳи сентябр сатҳи таваррум(солона) дар ИМА баробар ба 8,3%(соли 2021 андозаи 4,7%),  Иттиҳоди Аврупо дар моҳи сентябр атрофи 10.0%( соли 2021 андозаи 5,3%), дар Ҷумҳурии мардумии Чин андозаи  2,7 %( соли 2021  0,9%), Туркия дар моҳи сентябр таварруми солона 87,8% (соли 2021 андозаи 19,6%) гардидааст.


Интизорӣ меравад, ки лаппишҳои ноустувори нишондиҳандаҳои асосии кишварҳои пуриқтидор метавонад фаъолияти иқтисодии ҷаҳонро дар соли 2022 то 2,9 дарсад коҳиш диҳад.
Ҳамаи ин ноустувориҳои иқтисодӣ барои ҷилавгирӣ аз таваррум дар ниҳоят метавонад ба шадидтар шудани сиёсати пулию қарзӣ дар кишварҳои пешрафтаи иқтисодӣ оварда расонад, ки боиси афзоиши хароҷоти қарзҳо гардида, эҳтимолан ба зиёд гардидани фишорҳои молиявӣ дар баъзе кишварҳои рӯ ба таррақӣ оварда расонад. 
Дар баробари тағйирёбии нишондиҳандаҳои дигар кишварҳои ҷаҳон коҳишёбии рушди иқтисодиёт ва ҳамзамон болоравии сатҳи нархҳо дар собиқ ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шуравӣ дар ин давра чунин ба назар мерасид. Аз ҷумла, рушди иқтисодиёт дар  Русия ба таври назаррас коҳиш ёфта бо аломати манфӣ 4,1% (соли 2021 андозаи 4,7%) ва сатҳи таварруми солона бошад дар моҳи август дар Русия 14,3% (соли 2021 андозаи 7,0%) дар бар гирифт. Дар Украина бошад ҳаҷми иқтисодиёт босуръати баланд коҳиш ёфта, бениҳоят дар сатҳи паст қарор гирифт, яъне дар моҳи август дар Украина Ҳаҷми ММД баробар ба (-35%) коҳиш ёфт (соли 2021 афзоиш  дар доираи 3,4%). Сатҳи таварруми солона дар Украина дар моҳи августи соли ҷорӣ ба 23,8% (дар соли 2021 андозаи 9,4%)расидааст.

Россия – (таваррум)
Украина (таваррум)

Дар бештари кишварҳои минтақаи Осиёи марказӣ бошад сатҳи рушди  иқтисодиёт дар муқоиса ба солҳои гузашта манфӣ арзёбӣ шуда, намояи нархҳои сабади истеъмолӣ раванди болоравиро касб кардааст.
Аз ҷумла, дар Қазоқистон ҳаҷми ММД дар 7 моҳи соли ҷорӣ 3,3% (соли 2021 андозаи 4%) афзоиш ёфтааст. Дар Узбекистон бошад давоми нимсолаи аввал рушди иқтисодиёт 5,4% (соли 2021  андозаи 7,4%)-ро дарбар гирифт. Дар Қирғизистон дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми ММД 3,6 % (дар соли 2021 андозаи 6,3%)-ро ташкил дод. Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад новобаста аз вазъи ногувори иқтисодиёти ҷаҳон дар минтақа нисбати дигар кишварҳо фаъолияти хуби  иқтисодиётиро соҳиб гардид. Рушди ММД дар давоми нимсолаи якуми соли ҷорӣ 7,4%(дар соли 2021 андозаи 9,2%) ташкил намуд.
Болоравии сатҳи нархҳо дар кишварҳои Осиёи марказӣ  дар ин давра мисли дигар кишварҳои ҷаҳон назаррас буд. Аз ҷумла, сатҳи таваррум дар Казокистон, Узбекистон ва Қиргизистон нисбат ба Тоҷикистон  аломати дурақама дошта, дар Тоҷикистон бошад нисбатан дар сатҳи як рақама нигоҳ дошта  шуд (нигаред ба диаграмаҳо дар поён). 

Қазоқистон (таваррум)
Узбекистон (таваррум)
Кирғизистон (таваррум)

Тоҷикистон (таваррум)

Раванди тағйирёбии нишондиҳангдаҳои болозикр бевосита ба коҳиш ёфтани қисмати талаботи иқтисодиёт  таъсир расонида, метавонад ба афзоиши сатҳи бекорӣ дар бештари иқтисодиётҳои минтақа ва ҷаҳон сабаб гардад.
Новобаста аз зарбаҳои манфии раванди фаъолияти иқтисодиёти ҷаҳон дар соли 2022 (барои маълумот рушди воқеии иқтисодҳои рӯ ба тараққӣ дар соли ҷорӣ то 3,4 % коҳиш ёфтааст), мутобиқи дурнамои иқтисоддонҳо пешгӯӣ мешавад, ки дар соли 2023 ҳеҷ гуна барқароршавӣ пешбинӣ нашудааст. Яъне интизорӣ меравад, ки рушди ҷаҳонӣ дар соли оянда то 3% пойин хоҳад рафт, зеро бештар хавфҳо, аз ҷумла, болоравии нархҳо идома меёбад, ки ин бевосита дар баробари коҳишёбии рушди иётисодиёт ба давом ёфтани хатарҳои стагфлятсионӣ таҳким мебахшад. 
Бояд зикр намуд, ки ҷангу нооромиҳои байни давлати Русия ва Украина  ба тамоми кишварҳои дар ҳоли рӯ ба тараққӣ буда тавассути таъсир расонидан ба тиҷорати ҷаҳонӣ ва истеҳсолот, нархҳои мол, таваррум ва тағйирёбии фоизҳо таъсири манфӣ мерасонад. 
Идомаёбӣ ва  паҳншавии таъсири манфии ин нооромиҳо барои минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ шадидтар хоҳад буд, зеро кишварҳои дар ин минтақаҳо буда то як андоза аз Руссия вобастагии иқтисодӣ, аз ҷумла маҳсулоти нафту газ, кишоварзӣ ва нуриҳои минералӣ дошта, метавонад тавозуни талаботу таклифоти дохилии онҳоро нобаробар сохта, дар умум рушди иқтисодиёти ин ин минтақаҳоро  заиф гардонад. 
Хавфҳо ва номуаяниҳои молиявӣ барои ҳама минтақаҳои ҷаҳон аз ҳисоби шиддат гирифтани хатарҳои гео-сиёсӣ, афзоиши таваррум, коҳишёбии босуръати даромадҳои аҳолӣ, норасоии ғизо ва фишори молиявию офатҳои табиӣ ба вуқӯъ мепайвандад, ки метавонад зарбаи зараровар ба қисмати таклифоти иқтисоди ҷаҳон зада тавозуни иқтисодиётро нобаробар намуда давраи таназули иқтисодиро дар ҷаҳон фаро гирад.

Интизорӣ меравад, ки дар нимсолаи дуюми соли 2022 сатҳи таваррум дар бештари кишварҳо то як андоза коҳиш меёбад, вале новобаста аз паст гардидани шокҳо(зарбаҳои) беруна ва боз ҳам пурзӯртар шудани сиёсати пулию қарзӣ сатҳи умумии нархҳо нисбат ба соли қаблӣ баланд боқӣ мемонад. 
Мутобиқи тадқиқотҳо ва дурнамои мутахасисони соҳа афзоиши иқтисодиёти ҷаҳон ба самти мутақобил ҳаракат мекунад ва интизор меравад, ки дар давоми давраи миёнамуҳлат дар сатҳи паст қарор бигирад.
Аз эҳтимол дур нест,  чунин бавуқӯъпайвастани вазъи ноустувори иқтисодиёт ба давраи таназзули иқтисодиёти бештари кишварҳо оварда, ҳангоми зиёд гардидани  фишорҳои стагфлятсионӣ нигоҳдории сатҳи муътадили нархҳо, усутвор нигоҳдоштани рушди иқтисодиётро барои дилхоҳ минтақа дар ҷаҳон мушкил гардонад.
Бинобар ин, барои кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва кишварҳои хурди рӯ ба тараққӣ буда зарур аст, ки воситаҳои сиёсати фискалӣ, монетарӣ ва иқтисоди берунии худро вобаста ба вазъи бавуқуъпайваста мутобиқу ҳамоҳанг сохта (оқилона истифодабарӣ намуда),  ба ҷараёни чолишҳои нави низоми бонкдорӣ омода бошанд. 



Чолишҳои низоми бонкдорӣ дар ҷаҳон
Буҳрони иқтисодӣ-молиявии ҷаҳон, ки дар солҳои 2007-2009 бавуқӯъпайваста буд бевосита хатарҳои молиявиро дар ҷаҳон пуршиддат намуд ва ба даромаднокии низоми бонкии бештари кишварҳо таъсири манфӣ расонд. Вазъи ногувори иқтисодӣ-молиявии ҷаҳон тайи даҳсолаи сипаригардида ба як қатор дигаргуниҳо ва чолишҳои навини низоми бонкӣ-молиявӣ оварда расонд. 
Системаи бонкӣ дар ҷаҳон имрӯзҳо тағйироти назаррасро аз сар мегузаронад, ки он бештар ба рақобати гузариш ба низоми рақамӣ тавассути технологияҳои навин ва тайғир додани моделҳои тиҷоратро дарбар мегирад.
Тайи солҳои охир фарогирии стартапҳои ғайрибонкӣ бевосита фазои хизматрасониҳои молиявиро дар тамоми ҷаҳон дигаргун сохта, ташкилотҳои анъанавиро водор месозанд ки раванди фаъолияташонро бо диди нав пешбарӣ намоянд.
Бинобар ин, барои бонкҳо ва дигар ташкилотҳои қарзии амонатии хурд ба роҳ мондани ислоҳоти гузариш ба бонкдории рақамӣ омили асосии нигоҳ доштани фаъолият ва рақобатпазирӣ дар бозори бонкии дилхоҳ кишвари дунё мебошад, ки бевосита чолишҳои муҳимтаринро дарбар мегирад. Аз ҷумла, пеш аз ҳама ҷиҳати нигоҳ доштани рақобатпазирӣ дар бозори бонкӣ, бонкҳои анъанавӣ ва исломӣ бояд бештар аз ФинТехҳо (FinTechs) омӯзанд, ки муваффақияти худро аз пешниҳоди таҷрибаи бои соддакардашуда ба муштариён доранд.


Ҳамчунин равнди гузариш ба низоми нави рақамикунонӣ алакай инъикос намуда истодааст, ки дар асл ривоҷ ёфтани низоми нав барои равандҳои низоми кории дастӣ маҳдудиятҳо эъҷод намуда истодааст. Барои мисол метавон гуфт, ки имрӯз дар ҷаҳон қисми бештари тиҷорат (бештар аз 60 %) тавассути каналҳои рақамӣ сурат мегирад ва аз ташаббусҳои рақамӣ даромад ва арзиши бештар ба даст оварда истодаанд.
Феълан бонкҳо ва дигар ташкилотҳои қарзӣ бояд роҷеъ ба ҳалли истифодаи васеи технологияҳои навини рақамӣ ва чолишҳои соҳаи бонкӣ чораҳои таъхирнопазир андешанд. Аз ин рӯ, зарур аст ташкилотҳои молиявӣ-қарзӣ фарҳанги навини инноватсиониро тарғиб ва истифода намоянд, ки дар он барномаву заминаҳои технологии оптимизатсияи равандҳо барои ба даст овардани ҳадди бештари самаранокӣ равона  гардидаанд.


Дар баробари чолишҳои дар боло зикр намуда, имрӯз вақти он расидааст тарзи пешбурди фаъолият дар низоми бонкӣ вобаста ба афзоиши хароҷотҳои идоракунӣ, ки хизматрасониҳои рақобатпазирро коста намуда ба кам гардидани даромаднокии бонкҳо овардааст, тағйир дода шавад то оқилона самтҳои пешбурди тиҷорат ва усутувор будани самараноки (даромадноки)-ро дарбар гирад.
Чолиши дигаре, ки имрӯзҳо дар низоми бонкдорӣ мушоҳида мешаванд ин гузариши ташкилотҳои қарзӣ аз барномаҳои кӯҳна ба барномаҳои нави рақамӣ ва мобилӣ мебошад. Зеро, агар назар афканем,  айни замон дар ҷаҳон қисми бештари фаъолият ва тиҷорат тавассути барномаҳои рақамӣ ва мобилӣ амалӣ мешаванд ва барои бонкҳо истифода аз чунин намудҳои фаъолият босамар ва фоидаовар мебошанд. Табдили фаъолияти рақамӣ бевосита барои дар давраи ояндаи наздик вуҷуд доштан ва фаъолият намудани ташкилоти қарзӣ имкониятро бештар фароҳам меоварад. Барои мисол, истифодаи технологияи нав ба монанди роёниши абрӣ (облачные вычисления) ва ботҳо барои ташкилотҳои қарзие, ки мехоҳанд коҳиш додани хароҷотҳо, қаноатмандии муштариён ва афзоиши ҳиссаи ҳамёнҳои худро афзоиш диҳанд, бартариҳои назаррас меоранд.
Танҳо инноватсия (навовари)-ҳои мунтаззам  дар соҳаи бонкдорӣ метавонад ба нигоҳ доштан ва ҷалби мутахасисони боистеъдод, баланд бардоштани самаранокии фосилавӣ, ҳавасмандгардонии кормандон ва бартарият дар бозорро таъмин намудан мусоидат кунад.

Дар умум навовариҳои нави рақамӣ, дар ҷараёни фаъолият пеш аз ҳама дараҷаи фаҳмиш, чолокӣ, муносибатҳои  хуб бо муштариён ва навовариҳои пайвастаро талаб менамояд ва ин метавонад дилхоҳ ташкилоти қарзиро  дар ин системаи бонкии пур аз чолишҳо рақобатпазир, муваффақ ва устувор нигоҳ дорад.
Хулоса бо дарназардошти коҳиш ёфтани қисмати 
талабот ва таклифот дар иқтисодиёти ҷаҳон, дар давраи миёнамуҳлат маҳдуд гаштани фаъолияти истеҳсолии бахши хусусӣ, паст гардидани даромадҳои аҳолӣ, вусъатёбии ҳаҷми қарзҳои муҳлатгузашта (мушкилситон), номуайянии бозорҳои молиявӣ (тағйирёбии намояи нархҳо ва лапишхурии қурби асъор), афзоиши сатҳи бекорӣ,  зиёд гардидани мушкилотҳои буҷетӣ ва коҳишёбии рушди воқеии иқтисодиёт аз эҳтимол дур нест.
Бинобар ин бо дарназардошта вусъат ёфтани зарба (шок)-ҳои беруна, бахусус давом ёфтани буҳрони молиявӣ-иқтисодӣ барои дилхоҳ бонк ё ташкилоти қарзӣ амонатии хурд зарур аст, ки  фаъолиятро бо дарназардошти чолишҳои нави соҳа муназзам, босамар ва истифодабарии захираҳои бонкиро оқилона ба роҳ монад. Ҳамзамон тавсия дода мешавад, ки ҷиҳати маҳдуд намудани таъсири хавфҳои минбаъда (молиявӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, асъорӣ) пайваста вазъи бозорҳои молиявии беруна ва дохила муфассал омӯхта шавад ва дар  баробари ин  маблағгузориҳо ба соҳаҳои иқтисодиёт, ки ба истеҳсоли молу хизматрасониҳои маҳсулотҳои ватанӣ равона шудааст вусъат дода шавад. Барои иҷрои ин пеш аз ҳама  ҷалби мутахассисони касбии боэътимод ва ё нигоҳ доштани онҳо хело муҳим аст.

Адабиёт ва сарчашмаи истифодашуда:
1) Кимберли Амадео, “Буҳрони молиявии соли 2008, сабаҳо, зиён ва оё он метавонад дубора рӯй диҳад?”, Иқтисодиёти Ҷаҳон ва ИМА,  Феврали 2022;
2) Елена Карлетти ва дигарон, “Чолишҳои низоми бонкӣ пас аз буҳрони Ковид-19, Модели тиҷорати бонкӣ дар ҷаҳон, 2021;
3) Нишондиҳандаҳои иқтисодӣ, сомонаи www.tradingeconomics.com;
4) Сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон, www.nbt.tj; 
5) Сомонаи Агентии Омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, www.stat.tj.

Маҳмадюсуф Ташрифов (Доктори илми иқтисод) 
Мушовири Раиси Раёсат оид ба рушди стратегӣ
ҶСК “Тавҳидбонк”