МАҲСУЛОТИ ТАВҲИДБОНК

Пасандози Музораба

Шартҳои пасандози Музораба:
Муштарӣ соҳиби мол (рабул мол) маҳсуб ёфта, Бонк (музориб)-ро ваколатдор менамояд,ки пасандози Музорабаи дар Шартномаи  Музораба ҷойгиршударо, дар муомилоти маблағгузорӣ,ки тибқи қоидаву қонунҳои исломӣ, муайян мегарданд,тавассути фонди муайяни умумӣ ва ё фондҳои дигар, ки Музориб зарур мешуморад, сармоягузорӣ кунад.

Музориб ӯхдадор аст,ки пасандози Музорабаро аз Муштарӣ дар шакли асъори миллӣ ва ё хориҷӣ, дар мӯҳлати дар дархости Музораба муқаррар гардида, қабул намояд.
Музориб ӯҳдадор аст, ки идораи пасандози Музорабаро мувофиқи хохиши Муштарӣ ба роҳ монад.Ва барои баргардондани пасандози Музораба ба Муштарӣ ва пардохти Муштарӣ аз фоидаи пасандоз,чораҳои оқилонаю одилона андешад.Музориб ӯҳдадор аст, пасандози  Музорабаро ба таври номаҳдуд идора кунад аммо Муштари ӯҳдадор аст,ки дар ин самт ба Музориб маҳдудият эҷод накунад.

Дар ҳолати сар задани ҳар гуна нофаҳмиҳо: Музориб барои пас гардонидани маблағи пасандози Музораба, дар шартҳои номиналӣ ё ин ки пардохти фоида аз пасандози  Музораба ӯҳдадор нест.

Шартҳои асосии пасандози Музораба дар Дархости пасандози Музораба ҷойгир аст.
Шартномаи мазкур барои кушодани пасандози Музораба тавассути имзо гузоштан ба Дархост барои ҷойгиркунии  пасандози Музораба, аз тарафи Муштарӣ чандин маротиба метавонад истифода шавад.
Ҳар як Дархости навиштаи Муштарӣ барои ҷойгиркунии пасандози Музораба як қисми ҷудонашавандаи Шартномаи мазкур маҳсуб меёбад.

Муштарӣ  Музорибро барои боздошти фоида аз молия ва сармоя,ки тавассути Кумита, ҳангоми риоя накардани принсипҳои маблағгузории исломӣ боздошт мешавад,дар маблағгузорӣ ё ин ки сармоягузорӣ ба фондҳои хайриявӣ мутобиқи дастурамали Кумита ваколат медиҳад.

Муштарӣ Музорибро барои таъмини озодӣ аз даромад, микдори маблағгузорӣ дар аъмоли хайр, агар зарур шумурда шавад ва ё бо мақсади корҳои тиҷоратӣ  аз он ҷумла мукофот барои пешпардохт, ки дар ҳама ҳолат метавонад аз тарафи Кумита муайян гардад, ваколат медиҳад.