Нишондиҳандаҳои молиявии мусбии Бонк



Қайд кардан зарур аст, ки ҳиссаи маблағгузорӣ дар таркиби дороиҳо дар соли ҳисоботӣ ба андозаи 6,9 фоиз зиёд гардидааст.
Ҳаҷми амонату пасандозҳои Бонк маблағи 60,3 млн. сомонӣ ва ё 81%-и ӯҳдадориҳоро ташкил медиҳад. Нисбати аввали сол амонатҳои мӯҳлатнок (музораба) 4,3 маротиба афзоиш ёфт, ки ин тағйирёбии босуръат аз ҳисоби бештар гардидани эътимоднокии аҳолӣ ба бонк мебошад.
Даромади умумии Бонк дар соли 2022 маблағи 56,6 млн. сомониро ташкил дода, нисбати соли гузашта 80% афзоиш ёфтааст. Ҳамин тариқ, фоидаи соф дар муқоиса бо соли 2021 ба андозаи 2,3 маротиба афзуда, маблағи 8,7 млн.сомониро ташкил дод, ки дар шароити начандони мусоиди молиявӣ, дар низоми бонкӣ як натиҷаи босамар маҳсуб меёбад.

Нишондиҳандаи дигаре, ки маврид ба арзёбист, ин сармояи танзимшавандаи Бонк мебошад, ки дар санаи ҳисоботӣ 101,2 млн.сомонӣ баробар гардид, ки ин яке аз омилҳои рушди молиявии Бонк ба ҳисоб меравад.
