TAWHIDNEWS
Охирин ва муҳимтарин хабарҳо оиди низоми бонкдории исломӣ дар ҷаҳон ва ҶСК “Тавҳидбонк”


Тавсифи умумии низоми бонкдории исломӣ




ИНКИШОФИ ЌОНУНГУЗОРЇ ДОИР БА НИЗОМИ БОНКДОРИИ ИСЛОМЇ ДАР ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН: ВАЗЪИ КУНУНӢ ВА ДУРНАМОИ РУШД

Тавсифи умумии низоми бонкдории исломӣ
Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – ҶТ) пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ба марҳилаи нави инкишофи таърихӣ - бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ ворид гардида, ба рушди устувори сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву молиaвӣ заминаи устуворро ба вуҷуд овард. Дар ин самт, ҷоннок намудани фаъолияти бонкҳои давлатӣ, ташкилотҳои қарзӣ, инчунин бонки исломӣ ба рушди босуботи низоми иқтисодиву молиявӣ ва соҳибкориву сармоягузорӣ ҷиҳати таъмини сатҳи зиндагии арзандаи сокинони кишвар мусоидат намуд.
Чуноне ки Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти ҶТ, муњтарам Эмомалї Рањмон ќайд менамоянд «низоми бонкї дар таъмин кардани рушди иљтимоиву иќтисодии кишвар, бахусус пешрафти соњањои воќеии иќтисодиёт, баланд бардоштани иќтидори содиротии кишвар, таъсиси љойњои кории нав ва васеъ намудани манбаъњои иловагии даромади буљети давлатї наќши муњим мебозад»[1]..
Бонкњо ва дигар ташкилотњои ќарзї наќши нињоят муњимро дар фазои иќтисодии ҳар як кишвар иҷро менамоянд. Таъмини устувории низоми бонкї барои љомеа манфиатовар буда, яке аз функсияњои муњими давлат ба шумор меравад, ки баамалбарории он бо њалли вазифаи устувории тартиботи њуќуќї дар соњаи фаъолияти бонкї иртибот дорад. Рушди иќтисодиёти Тољикистони соњибистиќлолро бе бонк ва фаъолияти бонкї тасаввур кардан ғайриимкон аст. Имрўзњо бонкњои љумњурї барои пешрафти тамоми соњањои њаёти љамъият хизмат мекунанд[2].
Бояд қайд намуд, ки дар радифи бонкҳои давлатӣ ва дигар ташкилотҳои қарзӣ ба роҳ мондани фаъолияти бонкдории исломӣ, яъне ҷорӣ намудани принсипҳои маблағгузории хурди исломӣ дар ҷумҳурии мо дар шароити бесуботии молиявӣ иқдоми саривақтӣ мебошад, ки дар баланд бардоштани сифати хизматрасонии бонкӣ ба аҳолӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ саҳми назаррас гузошта, ба ин васила заминаи муҳим дар рушди иқтисодиёти миллӣ гузошта метавонад.
Самти муҳими таҷдиди низоми бонкӣ дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (минбаъд – ИДМ) дар баробари васеъшавии доираи фаъолияти бонкҳои анъанавӣ таъсиси бонкҳои исломӣ мебошад, ки аз намудҳои дигари бонкҳо тафовути назаррас доранд. Бешак, дар баробари кишварҳои пешрафта дар оянда дар ҶТ низ бонкҳои исломӣ метавонанд тавассути иваз кардани шакл ва усулҳои хизматрасонӣ тибқи талаботи бозори хизматрасонӣ эътимоди бештари мизоҷонро ба даст оранд ва мавқеи худро мустаҳкам намоянд. Дар ҶТ беҳтар намудани вазъи молиявӣ-иқтисодии аксари субъектҳои хоҷагидорӣ аз сармоягузории бонкҳои муосир вобаста аст. Дар тафовут аз бонкҳои анъанавӣ, тавре ки таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, бонкҳои исломӣ муассисаҳое мебошанд, ки барои ҷалби сармоя шароит муҳайё месозанд[3].
Вобаста ба асосҳои мазкур метавон иброз намуд, ки ҶТ бевосита пас аз ҳалли вазифаҳои муҳими мустаҳкам намудани пояҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва иқтисодии соҳибихтиёрӣ дар солҳои охир дар амсилаи хоси рушди низоми молиявӣ ба ташаккули ниҳоди бонкдории исломӣ оғоз кард. Ҳамчунин, дар мамлакат, ба монанди кишварҳои дигари ИДМ солҳои охир дар робита бо таъсисёбии бонкҳои исломӣ фаъолияти як қатор ташкилотҳои молиявӣ ва қарзии байналмилалии исломӣ ва давлатҳое, ки заминаи иқтисоди исломӣ доранд, фаъол гардид. Барои маблағгузории лоиҳаҳои гуногуни иҷтимоӣ-иқтисодӣ қарзҳо ва грантҳои гуногуни имтиёзнок ҷудо гардида, чунин раванд бо мақсади рушди устувори иқтисодӣ, инчунин сармоягузориву соҳибкорӣ идома дорад.
Дар ин замина, бо мақсади афзоиши сармоя, имкониятҳои иловагии маблағгузорӣ, ҷорӣ намудани маҳсулотҳо ва технологияҳои нави бонкӣ, диверсификатсияи хизматрасонии бонкӣ, инчунин, паст кардани хароҷоти муомилот (транзаксионӣ), ки барои рушди бахши воқеии иқтисодиёти миллии ҶТ имкониятҳои мусоидро ба вуҷуд меорад, ҳамчунин аз нигоҳи ҳуқуқӣ муайян намудани асосњои ҳуқуқӣ ва ташкилии фаъолияти бонкии исломӣ дар ҶТ, фароҳам овардани шароити мусоид барои пешбурди фаъолияти бонкии исломӣ дар низоми қонунгузории кишвар Қонуни ҶТ “Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ” аз 26 июли соли 2014, №1108[4] қабул гардид.
Метавон иброз намуд, ки маҳз қабул ва мавриди амал қарор гирифтани қонуни мазкур заминаи асосии ба роҳ мондани фаъолияти бонкии исломӣ дар кишвар гардид. ќарори Раёсати БМТ аз 2 июни соли 2017, №67 Дастурамал «Дар бораи амалиёте, ки тибқи принсипҳои маблағгузории исломӣ дар ташкилотҳои қарзии исломӣ анҷом дода мешаванд» тасдиқ карда шуд, ки дар татбиқи лоиҳа ташкили бонки исломӣ аҳамияти калони амалиро дошт. Дар асоси иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон бонки тиҷоратии “Соҳибкорбонк”, ки дар ҷумҳурӣ амал мекунад, ба муассисаи молиявӣ-қарзии исломии “Тавҳидбонк” табдил дода шуд, ки он аввалин бонки исломӣ дар ҶТ ба ҳисоб меравад.
Дар маҷмуъ, бояд қайд намуд, ки ташкил ва ба роҳ мондани фаъолияти низоми бонкдории исломӣ барои иқтисодиёти ҶТ, махсусан дар самти амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз қабилӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, таҳкими амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат муҳимияти хоссаро касб менамояд.

Нақши консепсия, стратегия ва барномаҳои давлатӣ
дар рушди низоми бонкдории исломӣ ва
такмили қонунгузорӣ дар ин самт
Яке аз заминаҳои асосӣ ва муҳимро дар рушди низоми бонкдории исломӣ ва дар ин ҷода такмили қонунгузории он консепсия, стратегия ва барномаҳои давлатӣ ишғол менамоянд. Чунки, дар асоси ин ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ муносибатҳо дар ин ё он самти фаъолияти ҳаёти ҷамъиятӣ мавриди масъалагузорӣ, яъне вазъи кунунӣ, мушкилот, роҳҳои ҳал ва дурнамои рушди онҳо муайян карда мешавад.
Қобили зикр аст, ки дар Стратегияи миллии рушди ҶТ барои давраи то соли 2030 аз 1 декабри соли 2016, №636[5] пешбинї гардидааст, ки то соли 2030 низоми сезинагии ќарздињї, ки аз маљмўи бонкњо, ташкилотњои ќарздињии хурд ва ташкилотњои ғайрибонкї иборат аст, ташаккул дода мешавад, њиссаи маблағгузории мустаќим тавассути харољоти давлатї коњиш дода шуда, њиссаи дастгирии ғайримустаќим тавассути таъсис додани бонкњои рушд ва дастгирии соњањои афзалиятноки бахши воќеии иќтисодиёти Тољикистон зиёд карда мешавад ва воситаи бонкдории исломї барои маблағгузории бахши воќеии иќтисодиёт васеъ истифода бурда мешавад. Чунин муқаррарот дар заминаи ҳуҷҷати муайянкунани рушди устувори кишвар василаи муҳими дурнамои рушди истифодаи низоми бонкдории исломӣ дар мамлакат маҳсуб мегардад.
Ҳамзамон, дар Стратегияи пулию ќарзии ҶТ барои солњои 2021-2025[6] пешбинӣ гардидааст, ки Бонки миллии Тоҷикистон (минбаъд – БМТ) доир ба омӯзиши таҷрибаи бонкдории исломӣ ҷиҳати ҷорӣ намудани фишангҳои нави пулию қарзӣ баҳри танзими сатҳи пардохтпазирии ташкилотҳои қарзии исломӣ дар самти такмил ва тақвияти механизми трансмиссионӣ ва истифодаи фишангҳои сиёсати пулию қарзӣ бояд чораандешӣ ва тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намояд. Талаботи мазкур низ ба рушди низоми бонкдории исломӣ ва ҷорӣ намудани фаъолияти он ҷиҳати рушди босуботи низоми иқтисодӣ заминаи муҳимро ба вуҷуд меорад.
Дар баробари ин, дар Стратегияи миллии фарогирии молиявии ҶТ барои солҳои 2022-2026[7] пешбинӣ мегардад, ки бо назардошти он ки 96,8 фоизи аҳолии Тоҷикистонро мусулмонон ташкил медиҳанд, имкониятҳои рушди маҳсулоти маблағгузории исломӣ вуҷуд дорад. Қонуни ҶТ “Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ” соли 2014 қабул гардид ва соли 2017 шуъбаи назорати бонкдории исломӣ дар сохтори департаменти назорати бонкии БМТ ташкил карда шуд. Моҳи сентябри соли 2019 дар натиҷаи табдилёбии ҶСК “Соҳибкорбонк” аввалин бонки исломӣ - ҶСК “Тавҳидбонк” таъсис дода шуд. Дар аввали соли 2020 ба ду ТМХ - ҶСП ТАҚХ “Ҳумо” ва ФҚХ “Имон” барои фаъолияти бонкии исломӣ тавассути равзанаҳои бонкии исломӣ иҷозатнома дода шуд. Ин иқдоми аввалин дар таҳияи маҷмуи маҳсулоти махсус барои қонеъ гардонидани талаботи муштариёне шуд, ки ба истифодаи хизматрасониҳои низоми бонкӣ бинобар эътиқодҳои динии худ майл надоштанд.
Ҳамчунин, стратегияи мазкур дар самти фаъолияти низоми бонкдории исломӣ як қатор мушкилотҳоро низ пешбинӣ намудааст, ки бартараф намудани онҳо баҳри рушди фаъолияти низоми бонкдории исломӣ шароити мусоидро фароҳам меоранд: Аз ҷумла, мушкилоти асосӣ вобаста ба гуногуншаклии маҳсулоти молиявии мавҷударо дар қисмати бонкдории исломӣ ин иттилооти нокифоя оид ба талабот; кам будани таҳвилгарон ва маҳсулот; сатҳи пасти маълумотнокӣ, набудани воситаҳои махсуси саводнокии молиявӣ; нокифоятии заминаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ташкил медиҳад.
Дар Консепсияи сиёсати ҳуқуқии ҶТ барои солҳои 2018-2028[8] ҷузъи таркибии сиёсати њуќуќии бонкиро ташкил додани фаъолият ва принсипҳои низоми бонкдории исломӣ, дар асоси Консепсияи рушди саноати ҶТ аз 4 декабри соли 2003, №523[9] муайян намудани нақши сармоягузориҳои бонкҳои исломӣ дар рушди саноати кишвар ва тибќи Барномаи миёнамуҳлати рушди ҶТ барои солҳои 2021-2025[10] муќаррар гардидани вазъи фаъолияти низоми бонкӣ дар ҶТ заминаи устуворро дар рушди низоми бонкдории исломӣ ва такмили қонунгузорӣ дар ин самт мегузоранд.
Дар маҷмӯъ, дар асоси таҳлили ҳуҷҷатҳои стратегӣ ва дурнамосозии болозикр ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки бонки исломӣ ҳамон вазифаҳоеро иҷро мекунад, ки ба бонки оддии маъмулӣ хос мебошанд, аммо мақсад ва принсипҳои фаъолият, воситаҳо ва усулҳои тиҷорати он баъзе хусусиятҳои фарқкунандаро доранд. Ин фарқият дар ҳадафҳо, принсипҳо, воситаҳо ва усулҳои идоракунӣ ифода меёбанд. Бонкҳои исломӣ – ин муассисаи молиявӣ-тиҷоратӣ буда, мақсадаш ба даст овардани фоидаи иқтисодӣ бо риояи талаботҳои шаръӣ мебошад. Вобаста ба ин, дурнамои рушди низоми бонкдории исломӣ дар заминаи муқаррароти санадҳои мазкур барои ҶТ муҳим мебошад.
Дар баробари ин, бо маќсади рушди минбаъдаи низоми бонкдории исломї ва муайян намудани вазъи кунунї, мушкилотњо, роњњои њал ва дурнамои ин соња ба андешаи мо зарурият пеш омадааст, ки «Стратегияи рушди низоми бонкдории исломї дар Љумњурии Тољикистон» тањия ва ќабул карда шавад.

Таҷрибаи байналмилалии рушди низоми бонкдории исломӣ ва инкишофи қонунгузории бонкдории исломӣ
Дар марҳилаи муосири инкишофи низоми бонкдории исломӣ дар ҶТ таҳлили муқоисавӣ-ҳуқуқии таҷрибаи хориҷӣ аҳамияти бузург дорад. Алҳол дар Тоҷикистон муносибатҳо доир ба низоми бонкдории исломӣ аллакай ташаккул ёфтаанд, лекин танзими ҳуқуқии ин муносибатҳо такмил ва рушдро талаб менамояд. Дар чунин шароит омӯзиши таҷрибаи хориҷии кишварҳое, ки таърихи бисёрсолаи танзими ҳуқуқии низоми бонкдории исломиро доранд, хеле муфид аст.
Айни замон бонкҳои исломӣ дар беш аз 70 кишвари ҷаҳон фаъолият доранд, тақрибан ҳамаи бонкҳои бузурги байналмилалӣ дар реҷаи “равзанаи исломӣ” хизматрасониҳои алоҳида пешниҳод мекунанд. Фаъолияти бонкҳои исломӣ бештар дар Арабистони Саудӣ, Баҳрайн, Кувайт, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия ва Малайзия рушд кардааст[11].
Тибқи баъзе баҳогузорињо, айни замон дар ҷаҳон зиёда аз 300 бонки исломӣ мавҷуд аст, ки дар зиёда аз 70 давлати дунё фаъолият доранд. Дороиҳои бонкдории исломӣ ҳамасола беш аз 17-18% меафзоянд ва ба гуфтаи коршиносон, ин аз рушди низоми бонкдории ҷаҳон тақрибан 10 маротиба зиёдтар аст[12].
Ҳоло ҳам дар кишварҳои мусулмонӣ ва ҳам дар кишварҳои ғайриисломӣ таваҷҷӯҳ ба бонкдории исломӣ меафзояд. Барои кишварҳои исломӣ афзоиши чунин таваҷҷӯҳ, ба ақидаи олимони хориҷӣ бо омилҳои зерин алоқаманд аст: “1) мувофиқати фаъолияти соҳибкорӣ ба принсипҳо ва меъёрҳои ҳуқуқи исломӣ; 2) мусоидат ба беҳбудии ҷомеаи мусулмонӣ; 3) расонидани кӯмак ба мусулмонон дар иҷрои вазифаҳои динии онҳо”[13].
Дар Ҷумҳурии Беларус масъалаи фаъолияти низоми бонкдории исломӣ борҳо дар сатҳи адабиёти илмӣ матраҳ шудааст. Бо вуҷуди ин, корҳо оид ба таҳияи чаҳорчӯбаи меъёрӣ, яъне танзими ҳуқуқии он ҳанӯз идома наёфтаанд[14].
Дар Ҷумҳурии Арманистон бо сабабҳои махсусиятҳои таърихӣ масъалаи таъсис ва фаъолияти бонкҳои исломӣ дар ин кишвар амалан баррасӣ нашудааст.
Дар Ҷумҳурии Қазоқистон бошад, муносибатҳо дар самти низоми бонкдории исломӣ дар доираи Ќонуни Љумњурии Ќазоќистон аз 31 августи соли 1995 № 2444 “Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон”[15] ба танзим дароварда шудааст.
Бояд қайд намуд, ки яке аз аввалин бонкҳои исломӣ дар ИДМ соли 2010 дар Қазоқистон тибқи созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб бо мақсади пешниҳоди хизматрасониҳои бонкӣ дар асоси меъёр ва принсипҳои шариат кушода шудааст, ки он Ал Ҳилол Бонк (Al Hilal Bank) ном дошта, хизматрасониҳои амонатӣ, ипотека, ҳисоббаробаркунию кассавӣ, интиқолҳоро анҷом медиҳад[16].
Дар Ҷумҳурии Қирғизистон нақш ва аҳамияти низоми бонкдории исломӣ бештар мебошад. А.С. Болджурова иброз медорад, ки “бо кўмаки Бонки исломии рушд дар Љумњурии Ќирѓизистон як ќатор лоињањо, аз љумла, сохтмони таваллудхонаву бемористонњо, хариди таљњизоти тиббї, таљдиди роњњо амалї карда шуданд”[17]. Дар ин кишвар ҷалби молияи исломӣ омили мусоидаткунанда ба рушди иқтисодӣ маҳсуб гардида, соли 2016 Қонун «Дар бораи Бонки миллии Ҷумҳурии Қирғизистон, бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ» қабул карда шуд ва дар он муқаррар гардидааст, ки дар Ҷумҳурии Қирғизистон дар баробари бонкдории анъанавӣ ва қарздиҳӣ принсипҳои исломии бонкдорӣ ва маблағгузорӣ низ татбиқ мешаванд. Фаъолияти низоми бонкдории исломӣ дар ин кишвар дар асоси санадҳои танзимкунандаи самти фаъолияти низоми бонкӣ муайян карда шудааст.
Таҷрибаи низоми ҳуқуқӣ ва иқтисодии истифодаи низоми бонкдории исломӣ дар мамлкатҳои мусулмонӣ ва ғайримусулмонӣ далолат бар он менамояд, ки ин низом дар рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии ҳар як давлат бо асосгирии меъёрҳои шариат саҳми арзишманд гузошта, ба талаботи муқарраргардидаи қонунгузории миллӣ дар самти фаъолияти низоми бонкӣ мутобиқ мебошад.
Метавон иброз намуд, ки монеаи асосии густариши принсипҳои бонкдории исломӣ дар иқтисоди муосири ҶТ сатҳи пасти саводнокии молиявии аҳолӣ дар бонкдории исломӣ мебошад.
Дар заминаи чунин асосҳо, Ш.Қ. Хайрзода қайд менамоянд, ки “бо дарназардошти сатҳи омодагии аҳолӣ ба марҳилаи ибтидоии ҷорӣ намудани принсипҳои бонкдории исломӣ, зарур аст, ки ба маҳсулоти зерини бонкдории исломӣ афзалият дода шавад: музораба, мушорака, салам ва қарзи ҳасана, ки, инҳо бо манфиатҳои тиҷорати хурд мутобиқ мебошанд. Дар мавриди ҷалби пасандозҳо (амонат ) бошад, дар ин ҷо барои марҳилаи ибтидоии ҷорӣ намудани принсипҳои бонкдории исломӣ механизми дастгирии давлатиро дар шакли индексатсияи амонатҳо бо назардошти сатҳи таваррум ҷорӣ кардан зарур аст”[18].
Ҳамин тариқ, бонкҳои исломӣ бо моҳияту мазмуни умумии худ ба қонунҳои рушди иқтисоди бозорӣ мухолиф нестанд ва дар таъмини суботи молиявии ин ё он кишвар нақши муҳимро мебозад. Дар маҷмӯъ, дар марҳилаи муосири рушди тамаддуни ҷаҳонӣ бонкҳои исломӣ тадриҷан аҳамияти бештарро пайдо мекунанд ва дар ҳамкорӣ бо дигар бонкҳои анъанавӣ тавсеа ва рушд меёбанд

Рӯйхати адабиёт:
1. Барномаи миёнамуҳлати рушди Љумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2021, №168 тасдиќ карда шудааст // Махзани мутамаркази иттилоотӣ-ҳуқуқии ҶТ «Адлия». Шакли 7.0. [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL: http://www.adlia.tj (санаи муроҷиат: 10.04.2023).
2. Болджурова, А.С. Исламский банк развития как рычаг привлечения инвестиций в экономику Кыргызской Республики // Сибирский торгово-экономический журнал. – 2016. – №1 (22). – С. 183-187.
3. Закон Республики Казахстан от 31 августа 1995 года № 2444 О банках и банковской деятельности в Республике Казахстан // [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: / https://continent-online.com/Document/?doc_id=1003931. (санаи муроҷиат: 10.04.2023).
4. Консепсияи рушди саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2003, №523 тасдиқ гардидааст // Махзани мутамаркази иттилоотӣ-ҳуқуқии ҶТ «Адлия». Шакли 7.0. [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL: http://www.adlia.tj (санаи муроҷиат: 10.04.2023).
5. Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028 бо фармони Президенти ҶТ аз 6 феврали соли 2018, № 1005 тасдиқ шудааст // Махзани мутамаркази иттилоотӣ-ҳуқуқии ҶТ «Адлия». Шакли 7.0. [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL: http://www.adlia.tj (санаи муроҷиат: 15.11.2020).
6. Коротков, М. Исламское банковское дело: возможности для Беларуси // Банкаускi Веснiк. – 2002. – №28. – С. 46-52.
7. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ” аз 26 июли соли 2014, №1108 // Махзани мутамаркази иттилоотї-њуќуќии ЉТ «Адлия». Шакли 7.0. [Захираи электронї]. Манбаи дастрасї: URL: http://www.adlia.tj (санаи мурољиат: 10.04.2023).
8. Мазарифов, М.К. Ташаккул ва инкишофи низоми бонкии Љумњурии Тољикистон: љанбањои таърихї-њуќуќї: дис. ... ном. илм. њуќуќ. – Душанбе, 2021. – 177 с.
9. Оn corporate social responsibility of Islamic financial institutions. Sayd Farook. Islamic Economic Studies. [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: // http://www.irti.org/irj/go/km/docs/documents/IDB. (санаи муроҷиат: 10.04.2023).
10. Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон аз 26 декабри соли 2018 // [Захираи электронї]. Манбаи дастрасї: http://www.prezident.tj/ru/node/865 (санаи мурољиат: 04.04.2023).
11. Пашков, Р.В. Исламский банкинг: монография / Р.В. Пашков, Ю.Н. Юденков. – Москва.: РУСАЙНС, 2017. – 250 с.
12. Раҳимзода Ш., Раҳмонов З.А. Асосҳои назариявии рушди бонкдории исломӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон // Иқтисодиёти Тоҷикистон. – 2022. – №3. – С. 10-17.
13. Стратегияи миллии рушди Љумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 2016, №636 тасдиқ шудааст // Махзани мутамаркази иттилоотӣ-ҳуқуқии ҶТ «Адлия». Шакли 7.0. [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL: http://www.adlia.tj (санаи муроҷиат: 10.04.2023).
14. Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2022, №314 тасдиқ гардидааст // Махзани мутамаркази иттилоотӣ-ҳуқуқии ҶТ «Адлия». Шакли 7.0. [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL: http://www.adlia.tj (санаи муроҷиат: 10.04.2023).
15. Стратегияи пулию ќарзии Љумњурии Тољикистон барои солњои 2021-2025 бо ќарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2020, №175 ќабул гардидааст // [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: https://nbt.tj/files/monetary (санаи мурољиат: 10.04.2023).
16. Хайрзода, Ш.Ќ. Рушди низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити бесуботии молиявӣ (назария, методология, амалия): автореф. дисс. ... докт. илм. иќт. – Душанбе, 2011. – 114 с.
17. Хромченко, М.Д. Исламский банкинг в России. Новая правовая реальность. Перспективы развития. // [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: / https://zakon.ru/blog/2023/2/17/islamskij_banking_v_rossii_islamic_banking_in_russia_novaya_pravovaya_realnost_perspektivy_razvitiya. (санаи муроҷиат: 10.04.2023).
18. Чудиновских, М.В. Правовое регулирование деятельности исламских банков в странах Евразийского экономического союза // Финансовое право и управление. – 2018. – №4. – С. 23-29.


[1] Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон аз 26 декабри соли 2018 // [Захираи электронї]. Манбаи дастрасї: http://www.prezident.tj/ru/node/865 (санаи мурољиат: 04.04.2023).
[2] Ниг.: Мазарифов М.К. Ташаккул ва инкишофи низоми бонкии Љумњурии Тољикистон: љанбањои таърихї-њуќуќї: дис. ... ном. илм. њуќуќ. – Душанбе, 2021. – С. 77.
[3] Ниг.: Раҳимзода Ш., Раҳмонов З.А. Асосҳои назариявии рушди бонкдории исломӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон // Иқтисодиёти Тоҷикистон. – 2022. – №3. – С. 10-11.
[4] Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ” аз 26 июли соли 2014, №1108 // Махзани мутамаркази иттилоотї-њуќуќии ЉТ «Адлия». Шакли 7.0. [Захираи электронї]. Манбаи дастрасї: URL: http://www.adlia.tj (санаи мурољиат: 10.04.2023).
[5] Стратегияи миллии рушди Љумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 2016, №636 тасдиқ шудааст // Махзани мутамаркази иттилоотӣ-ҳуқуқии ҶТ «Адлия». Шакли 7.0. [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL: http://www.adlia.tj (санаи муроҷиат: 10.04.2023).
[6] Стратегияи пулию ќарзии Љумњурии Тољикистон барои солњои 2021-2025 бо ќарори раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2020, №175 ќабул гардидааст // [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: https://nbt.tj/files/monetary (санаи мурољиат: 10.04.2023).
[7] Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2022, №314 тасдиқ гардидааст // Махзани мутамаркази иттилоотӣ-ҳуқуқии ҶТ «Адлия». Шакли 7.0. [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL: http://www.adlia.tj (санаи муроҷиат: 10.04.2023).
[8] Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028 бо фармони Президенти ҶТ аз 6 феврали соли 2018, № 1005 тасдиқ шудааст // Махзани мутамаркази иттилоотӣ-ҳуқуқии ҶТ «Адлия». Шакли 7.0. [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL: http://www.adlia.tj (санаи муроҷиат: 15.11.2020).
[9] Консепсияи рушди саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2003, №523 тасдиқ гардидааст // Махзани мутамаркази иттилоотӣ-ҳуқуқии ҶТ «Адлия». Шакли 7.0. [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL: http://www.adlia.tj (санаи муроҷиат: 10.04.2023).
[10] Барномаи миёнамуҳлати рушди Љумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2021, №168 тасдиќ карда шудааст // Махзани мутамаркази иттилоотӣ-ҳуқуқии ҶТ «Адлия». Шакли 7.0. [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL: http://www.adlia.tj (санаи муроҷиат: 10.04.2023).
[11] Чудиновских М.В. Правовое регулирование деятельности исламских банков в странах Евразийского экономического союза // Ф инансовое право и управление. – 2018. – №4. – С. 23.
[12] Пашков Р.В. Исламский банкинг: монография / Р.В. Пашков, Ю.Н. Юденков. – Москва.: РУСАЙНС, 2017. – С. 50.
[13] Оn corporate social responsibility of Islamic financial institutions. Sayd Farook. Islamic Economic Studies. [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: // http://www.irti.org/irj/go/km/docs/documents/IDB. (санаи муроҷиат: 10.04.2023).
[14] Коротков М. Исламское банковское дело: возможности для Беларуси // Банкаускi Веснiк. – 2002. – №28. – С. 47.
[15] Закон Республики Казахстан от 31 августа 1995 года № 2444 О банках и банковской деятельности в Республике Казахстан // [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: / https://continent-online.com/Document/?doc_id-1003931. (санаи муроҷиат: 10.04.2023).
[16] Хромченко М.Д. Исламский банкинг в России. Новая правовая реальность. Перспективы развития. // [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: / https://zakon.ru/blog/2023/2/17/islamskij_banking_v_rossii_islamic_banking_in_russia_novaya_pravovaya_realnost_perspektivy_razvitiya. (санаи муроҷиат: 10.04.2023).
[17] Болджурова А.С. Исламский банк развития как рычаг привлечения инвестиций в экономику Кыргызской Республики // Сибирский торгово-экономический журнал. – 2016. – №1 (22). – С. 184.
[18] Хайрзода Ш.Ќ. Рушди низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити бесуботии молиявӣ (назария, методология, амалия): автореф. дисс. ... докт. илм. иќт. – Душанбе, 2011. – С. 38.