TAWHIDNEWS
Охирин ва муҳимтарин хабарҳо оиди низоми бонкдории исломӣ дар ҷаҳон ва ҶСК “Тавҳидбонк”


Таърифи луғавӣ ва шариатии мафҳуми қарз


Вожаи арабии қарз, ки дар забони тоҷикӣ низ истифода мешавад, аз назари луғавӣ маънои буридан, «Бо қайчӣ буридан»- ро дорад. Шахси қарздиҳанда як қисми амволашро бурида, яъне ҷудо карда ба нафари дигар медиҳад.
Ин калима дар истилоҳоти шариат низ маънои ба моликияти шахси дигар додани чизеро, бо шарти баргардонидани он ифода мекунад.
Бинобар ин чизи қарзгирифта, ба моликияти қарзгиранда табдил меёбад. Ва бо ихтиёри тарафайн идора карда мешавад.
Муҳим ин ки қарзгиранда бояд қарзи гирифтаашро баргардонад.
(новобаста аз он ки он пул аст ё ашё).
Мо одат кардаем, ки ҳамагуна ӯҳдадории молиявии шахси дигарро қарз номем. Вале дар асл қарз молест, ки молик бо ризоият онро аз моли худ ҷудо карда, муваққатан бо шарти баргардонидани он ба дигаре вогузор мекунад.
Дар истилоҳоти шариат калимаи дайн мавҷуд аст, ки аз ҷиҳати маъно бо калимаи қарз ба ҳам наздикӣ доранд.
Маънои луғавии «дайн» - «муқаррар кардани ҳуқуқи амвол» мебошад. Аҳамият надорад, ки ин хуқуқ қарзи мазкурро дар назар дорад ё ин ки чизи дигарро.
Дар истилоҳоти илми фиқҳ ба калимаи «дайн» маъноҳои гуногун дода шудааст.Яке аз уламои машҳури мазҳаби ҳанафӣ Ибни Нуҷайм ин истилоҳро чунин маънидод мекунад:
«Дайн-ин ӯҳдадории қарзии як нафар нисбат ба каси дигар аст».
Дар робита ба ин дайн нисбат ба қарз мафҳуми васеътар дорад. Он натанҳо қарз балки тамоми ӯҳдадориҳоеро, ки инсон бар дӯш мегирад, ифода мекунад.Бинобарин ҳама гуна ӯҳдадориҳое, ки ҳам молу мулкӣ ва ҳам ғайри он бошанд, метавонанд дайн номида шаванд.
Барои мисол намоз, рӯза ва закотҳои қазошуда, низ дайн номида мешаванд.
Ӯҳдадориҳое, ки тавассути гирифтани қарз ё дар натиҷаи чунин муносибатҳо ба монанди хариду фурӯш, иҷора, расонидани зарар ва дигар зуҳуроти фаъолияти инсон, ки бар дӯши шахс меафтанд, дайн ба шумор мераванд.
Ҳамагуна ӯҳдадорие, ки пардохт талаб мекунад новобаста аз он ки чӣ гуна ба ӯҳда гирифта шудааст, дайн номида мешавад.
Мисоли оддӣ: шумо чизеро бо қарз харидорӣ кардед ва ҳамон маблағе, ки шумо бояд онро пардохт кунед, қарз номида мешавад.
Манзили шахсеро ба иҷора гирифтед вале маблағи иҷораро саривақт супорида натавонистед, ҳамин маблағи пардохт накардаи шумо низ дар шариат дайн маҳсуб меёбад.
Амволи касеро талаф кардеду товони зарари он бар ӯҳдаи шумо афтод, ин ҳам дайн аст.
Издивоҷ кардед, аммо ваъда додед, ки маҳри ба шумо вогузоршударо дертар хоҳед супурд, инро ҳам дайн ном меноманд.Аз касе пул қарз гирифтед, ин хам дайн маҳсуб меёбад.
Барои он ки ақди қарз саҳеҳ бимонад, ҳам барои дайн ва ҳам барои қарз муқаррар кардани мӯҳлат зарур аст.
Зеро мӯҳлати номуайян одатан ба муноқишаи байни тарафҳо оварда мерасонад.Бо мақсади пешгирии низоъҳо , ҳарду ҷониб дар гуфтушуниди оид ба қарз бояд , мӯҳлати баргардонидани онро аниқ намоянд.
Соҳиби мол ё худ қарздиҳанда наметавонад аз гиранда баргардонидани онро, пеш аз мӯҳлати муқарраршуда талаб кунад.
Талаб кардани пул пеш аз мӯҳлат, вайрон кардани шартнома ё ин ки риоя накардани ваъдаи мазкур мебошад.
Ҳатто қарздиҳанда баргардонидани дайнро пеш аз мӯҳлати муқарраршуда талаб кунад ҳам, тибқи қонунҳои шариат қарзгиранда ҳуқуқ дорад, ки то ба охир расидани мӯҳлати шартнома онро барнагардонад.
Агар қарздиҳанда вазъияти молии қарзгирандаро ба инобат гирад, бо ин амалаш савоб хохад гирифт.
Аммо агар қарзгиранда имконияти пардохти қарзро дар мӯҳлати муқарраршуда надошта бошад ва хоҳиш кунад, ки мӯҳлати он ба чанд вақти дигар дароз карда шавад, бояд ба ӯ фурсат дода шавад.
Тарҷума аз китоби:
Заем и связанные с ним вопросы



Шайх
Муҳаммад Содиқ
Муҳаммад Юсуф
«HILOL-NASHR»
ТАШКЕНТ
2019