TAWHIDNEWS
Охирин ва муҳимтарин хабарҳо оиди низоми бонкдории исломӣ дар ҷаҳон ва ҶСК “Тавҳидбонк”


Шарҳи мухтасар оид ба фаъолияти молиявии ҶСК “Тавҳидбонк” барои нимсолаи аавали соли 2022

Аз рӯи натиҷаҳои 6 моҳи аввали соли 2022 ҶСК “Тавҳидбонк” дар ҳаҷми 9,1 млн. сомонӣ фоидаи соф ба даст оварда, афзоиши воқеӣ 107,0 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 маротиба зиёд мебошад.
Дар ин давра ҳаҷми дороиҳои бонк ба андозаи 26 фоиз ​​афзоиш ёфта, маблағи 237,8 млн. сомониро дарбар гирифт.
Коэффисиенти пардохтпазирии БМТ бо захираи барзиёд иҷро шудааст: К2,1 ба ҳолати 30 июни соли 2022 андозаи 221,2%-ро ташкил дод (бо ҳадди ақали меъёрӣ 40% барои бонкҳои исломӣ)

Коэффисиенти кифоятии сармоя К1.1 бошад андозаи 60,1%-ро ташкил дод (бо ҳадди ақали меъёрии БМТ 12%).

Нишондиҳандаҳои мусбати молиявии Бонк (афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли2021)

Дар интиҳои давраи ҳисоботӣ нишондиҳандаҳои мусбати даромаднокии ROA ва ROE мутаносибан 3,8% ва 8% -ро ташкил доданд.
Даромад аз як саҳмия (EPS) нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 бошад ба миқдори 4 саҳмия зиёд гардида, дар давраи ҳисоботии соли ҷорӣ ба андозаи 10,7% расид.
Дар зер маълумоти муқоисавии ROA/ROE/EPS барои нимсолаҳои аввали 2020, 2021, 2022 нишон дода шудааст.

Бақияи сандуқи маблағгузорӣ 48 млн. сомониро ташкил дода, дар давоми 6 моҳи соли ҷорӣ ба андлзаи 165,1 фоиз афзуд.
Ҳаҷми умумии маблағгузорӣ дар 6 моҳи соли 2022 маблағи 33,4 млн. сомониро ташкил дод. Даромади соф аз сандуқи маблағгузорӣ нисбат ба соли гузашта ду маротиба афзудааст.

Ҳиссаи қарзҳои ғайрифаъол (NPL) камтар аз як фоизро ташкил медиҳад, ки ин аз нисбатан паст будани дараҷаи сатҳи хавфҳои қарзӣ дар фаъолияти нимсолаи аввали соли равон дар бонк гувоҳӣ медиҳад.
Динамикаи афзоиши бақияи ҳамаи намудҳои маҳсулоти маблағгузории Бонк дар даввоми як соли охир, аз моҳи июли соли 2021 то июли соли 2022 (млн. сомонӣ):
Динамикаи афзоиши моҳонаи тавозуни маблағгузории муробаҳа аз оғози июли соли 2021 то интиҳои июни соли 2022 (бо млн. сомонӣ):

Динамикаи афзоиши моҳонаи тавозуни маблағгузорӣ тавассути корти “Сабз” аз 01.07.2021 то 01.07.2022 (бо млн. сомонӣ):
Тавозуни сандуқи пасандозии Бонк дар интиҳои давраи ҳисоботӣ маблағи 50,3 млн. сомониро ташкил медиҳад. Дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2021 пасандозҳои муҳлатноки музораба дар бонк раванди афзоишро инъикос намуда ба андозаи 17,6 маротиба афзудааст.
Динамикаи афзоиши пасандозҳо (аз рӯи намуд) аз моҳи июли соли 2021 то июли соли 2022 (бо млн. сомонӣ).

Миқдори мизоҷони Бонк дар ин давра тамоюли босуръати афзуншавиро соҳиб гардидааст, ки ин пеш аз ҳама аз ҳисоби афзоиши миқдори муштариёни корпоративӣ ва чакана мебошад ва дар умум ба 24 000 адад расида истода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 6 маротиба афзоиш ёфтааст.

Дар ҷадвали зер динамикаи афзоиши миқдори мизоҷони бонк аз 07.01.2021 то 07.01.2022 ҷамъ оварда шудааст: