TAWHIDNEWS
Охирин ва муҳимтарин хабарҳо оиди низоми бонкдории исломӣ дар ҷаҳон ва ҶСК “Тавҳидбонк”


Чаро бонкҳои исломӣ ба буҳронҳо рақобатпазиранд?
Чаро бонкҳои исломӣ ба буҳронҳо рақобатпазиранд?
Бонкдории исломӣ ва анъанавӣ ду системаи бонкии гуногун буда бо хусусиятҳои хоси худ аз якдигар фарқ мекунанд. Бонкдории анъанавӣ шакли панҳшуда ва маъмултарини бонкдорӣ дар ҷаҳон маҳсуб меёбад, вале бонкдории исломӣ бошад танҳо солҳои охир дар ҳоли рушд қарор дорад. Дар ин мақола мо атрофи хусусиятҳои фарқкунандаи бонкдории исломӣ аз анъанавӣ, инчунин сабабҳои тобовар будани бонкҳои исломӣ ба буҳронҳои молиявиро баррасӣ хоҳем кард.
Фарқияти асосӣ ва назарраси бонкдории исломӣ аз анъанавӣ ин пеш аз ҳама дар шакли фаъолияти онҳост. Бонкҳои исломӣ дар асоси принсипҳои шаръӣ фаъолият мекунанд, ки ситонидани фоиз ё пардохти фоизро манъ мекунад. Баръакси ин дар бонкҳои анъанавӣ амалиётҳои бонкӣ тибқи қонунҳо ва муқаррароти дунявӣ сурат гирифта, фоиз ҳамчун воситаи асосии ба даст овардани даромад маҳсуб меёбад. Чи хеле, ки қайд қардем истифодаи фоизҳо яке аз фарқиятҳои калидии байни ин ду система мебошад. Дар низоми анъанавии бонкӣ фоизи қарзҳо ва пасандозҳо ситонида мешавад. Бонк барои карзхое, ки ба мизочон медихад, фоиз ситонида, барои ҷалби пасандозҳониз фоизи муаяйн пардот мекунад. Бонкдории исломӣ бошад дар асосӣ принсипи шарикӣ ё савдо амал менамояд. Бонк барои маблағгузорӣ намудани лоиҳаҳо ҳисса ё ҳаққи хизматрасонӣ мегирад. Ин чунин, дар бонкдории исломӣ бонк ва муштарӣ фоида ва зиёнро мутаносибан ба саҳми худ тақсим мекунанд.
Фарқи дигари бонкдории исломӣ аз анъанавӣ дар навъҳои маҳсулотҳои ба бозор пешниҳодшаванда инъикос ёфтааст. Маҳсулоти бонкдории исломӣ ба мисли Мудараба, Мушарака, Мурабаҳа ва Вакала мувофиқи принсипҳои исломӣ тарҳрезӣ шудаанд. Ин маҳсулотҳо дар асоси шартномаҳои шарикӣ, корхонаи муштарак ё хариду фурӯш амалӣ карда мешаванд. Дар бонкдории анъанавӣ бошад маҳсулоҳо ба монанди қарзҳои истеъмолӣ, кортҳои кредитӣ, қарзи ипотекӣ, суратҳисобҳои пасандозӣ ва ғайра ҷой доранд.
Хусусияти дигари фарқкунандаи бонкҳои исломӣ аз анъанавӣ дар сохтори идоракунии онҳо мебошад. Дар бонки исломӣ Кумитаи хизматрасонии маблағгузории исломӣ (КХМИ) амал мекунад, ки фаъолияти бонкро тибқи принсипҳои исломӣ таъмин месозад. Ин шӯро аз уламои исломӣ ва коршиносони шариати исломӣ иборат аст. Дар бонкдории анъанавӣ чунин шӯро вуҷуд надорад, аммо шӯрои директорон мавҷуд аст, ки фаъолияти бонкро назорат мекунад.
Дар ниҳоят, тафовути дигари муҳим дар бонкдории исломӣ ин равиши тақсими хавфҳо мебошад. Дар бонкдории анъанавӣ, қарзгиранда хавфи иҷро накардани қарзро ба дӯш дорад. Дар бонкдории исломӣ хавф байни бонк ва қарзгир тақсим карда мешавад. Бонк ва қарзгир фоида ва зиёни тиҷорати сармоягузоришударо байни худ тақсим мекунанд.
Ҳоло бошад дар бораи сабабҳои устувории бонкҳои исломӣ ва буҳронпазирии онҳо сӯҳбат менамоем.
Чихеле, ки дар боло қайд кардем бонкҳои исломӣ дар асоси принсипҳои шаръӣ фаъолият мекунанд, ки ситонидани фоиз, машғул шудан ба фаъолиятҳои спекулятсионӣ ва сармоягузорӣ дар баъзе соҳаҳо, аз қабили қимор ва машруботро манъ мекунанд. Ин тафовути бунёдӣ дар шеваи фаъолияти онҳо дар муқоиса бо бонкҳои маъмулӣ бонкҳои исломиро барои муфлисшавӣ амнтар кардааст.
Яке аз сабабҳои асосии буҳронпазирии бонкҳои исломӣ ин тарзи идоракунии маблағҳо мебошад. Бонкҳои исломӣ таҳти низоми тақсими фоида ва зиён (PLS) амал мекунанд, яъне онҳо ҳам фоида ва ҳам зиёнро бо муштариёни худ тақсим мекунанд. Ин кафолат медиҳад, ки бонк дар сармоягузорӣ саҳм дорад ва аз ин рӯ хавфро бодиққат арзёбӣ ва идора мекунад. Баръакси ин, бонкҳои маъмулӣ аз рӯи низоми фоизии собит амал мекунанд, ки дар он ба бонк ба муштариён новобаста аз фаъолияти сармоягузории худ, даромади устувори молиявиро кафолат медиҳад. Аз ин рӯ бонкҳои анъанавӣ хавфҳои зиёдро ба ӯҳда мегиранд ва ин омлиҳо метаванона ба ноустувории молиявӣ ва муфлисшавӣ оварда расонад.
Илова бар ин, бонкҳои исломӣ бештар ба соҳаҳои ҳаётан муҳими иҷтимоӣ ба монанди амволи ғайриманқул ва инфраструктура сармоягузорӣ мекунанд, ки эҳтимоли шикасти чунин лоиҳаҳо дар сатҳи хело паст қарор дорад. Ин чунин бонкҳои исломӣ дар фаъолияти сармоягузории худ маҳдуд буда онҳо наметавонанд ба лоиҳаои дорои хавфи баланд, ба монанди деривиативҳо, хедж-фондҳо ипотекаҳои маблағгузорӣ намояднд, ин сабаби дигар коҳиш додани хавфи дучоршавии бонкҳои бонкҳои исломӣ ба буҳрони молиявӣ мебошад. (риск инвестирования в высокорискованные активы, такие как деривативы, хедж-фонды и субстандартные ипотечные кредиты) Баръакси ин, бонкҳои анъанавӣ ба доираи васеи соҳаҳо, аз ҷумла соҳаҳои дорои хавфи баланд сармоягузорӣ мекунанд, ки ин боиси афзоиши ноустувории бозор ва таназзули иқтисодӣ мегардад.
Ин чунин бонкҳои исломӣ муваззафанд, ки фонди захиравиеро, ки бо номи “Закот” дошта бошанд, ки ин барои кумак ба ниёзмандон истифода мешавад. Инчунин фонди мазкур ҳамчун як шабакаи бехатарӣ аз ҳама гуна талафоти бонк амал мекунад. Закот барои дастгирии корҳои хайрия, кӯмак ба камбизоатон ва ниёзмандон ва расонидани кумакҳои изтирорӣ ба осебдидагон аз офатҳои табиӣ истифода мешавад. Баръакси ин, бонкҳои маъмулӣ чунин захираҳо надоранд, ки онҳоро дар муқобили тамоюлоти иқтисодӣ осебпазиртар мекунад.
Талаботи дигаре, ки бонкҳои исломӣ бояд ҳатман риоя созанд, ин таъмини баланди сатҳи шаффофият ва нигоҳдории меъёрҳои ахлоқиро мебошад, ки эътимоди муштариёни онҳоро афзоиш медиҳад. Ин муштариёнро водор мекунад, ки бештар ба бонк сармоягузорӣ кунанд, ки ин боиси субот ва амнияти бештар мегардад. Баръакс, бонкҳои маъмулӣ аксар вақт барои набудани шаффофият ва меъёрҳои ахлоқӣ интиқод мешаванд, ки метавонад боиси нобоварӣ ва аз даст додани эътимод дар байни муштариён гардад.

Хулоса бонкдории исломӣ яке аз бахшҳои босуръат рушдёбандаи системаи молиявии ҷаҳонӣ буда бо суръати солонаи афзоииши мураккабӣ 17 то 25% рушд ёфта истодааст. Дар ҳоли ҳозир сармояи бонкҳо ва ташкилотҳои исломӣ 2,7 трл $ ташкил медиҳад ва ин нишондиҳада ҳамеша дар ҳоли рушд қарор дорад.Омилҳои рушди босуръати ташкилотҳои молиявии исломӣ ин пеш аз ҳама дар чаҳорчӯбаи беназири худ фаъолият намудан, танзими пайваста, фаъолияти ба принсипҳои шариат мутобиқ, системаи тақсими фоида ва зиён (PLS), сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ ҳатмӣ, фонди захиравии закот, стандартҳои баланди ахлоқӣ ва шаффофият бонкҳои исломиро ба ноустувории молиявӣ ва муфлисшавӣ тобовартар мекунанд. Дар робита ба ин, имрӯз бонкдории исломӣ дар саросари ҷаҳон маъруфият пайдо карда дар ҳоли рӯшди босуръат қарор дорад ва бисёре аз кишварҳо ҳамчун алтернатива ба бонкдории анъанавӣ хидматрасонищои бонкии исломиро пешниҳод мекунанд.

Сарчашмаҳо:
1. Investopedia - https://www.investopedia.com/terms/i/islamicbanking.asp
2. Wikipedia - https://en.wikipedia.org/wiki/Islamic_banking_and_finance
3. International Monetary Fund - https://www.imf.org/external/themes/islamicfinance/
4. Islamic Development Bank - https://www.isdb.org/
5. Asian Development Bank - https://www.adb.org/what-we-do/sectors/finance/islamic-finance

Норов Талабшоҳ
Тавҳидбонк