TAWHIDNEWS
Охирин ва муҳимтарин хабарҳо оиди низоми бонкдории исломӣ дар ҷаҳон ва ҶСК “Тавҳидбонк”


Модели татбиқи сиёсати монетарӣ дар иқтисодиёт

Ақидаи мутахассис
МОДЕЛИ СИЁСАТИ МОНЕТАРӢ ДАР ИҚТИСОДИЁТ
(Методи илмии Вектори авторегрессионии таркибӣ)
Агар таърихи сипаригаштаи иқтисодиёти мамлакатро бе низоми банақшагирии марказӣ мисол орем, сохтори чунин модел каме мураккаб ба назар мерасад. Вале, баъди баррасии воқеияти он, ки иқтисодиёти Тоҷикистон имрӯз дар фазои низоми бозорӣ қарор дошта, новобаста аз буҳронҳои молиявию иқтисодии дар ҷаҳон бавуқӯъпайваста мӯътадил нигоҳ доштан ва вусъат додани рушди иқтсодиётро ҳадаф гузоштааст, татбиқи модели мазкур дар иқтисодиёт саҳим мебошад.
1. Шарҳи мухтасар оид ба таваррум ва сиёсати монетарии кишвар
Дар давоми солҳое, ки дар ҷумҳурӣ низоми банақшагирии мутамарказ (яъне, давраи ИҶШС) фаъолият менамуд, Тоҷикистон мисли дигар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ иқтисодиёти пӯшида дошт. Аз замони пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ иқтисодиёти Тоҷикистон якчанд марҳилаи баланди таваррумро, ки бар асари нооромии иқтисодӣ ва сиёсӣ дар мамлакат (ҷанги шаҳрвандӣ, касри буҷет, нархҳои баланд ва сиёсати заифи монетарӣ) ба амал омада буд, паси сар намуд. Тавозуни пардохт дар ҳолати бӯҳронӣ қарор дошт, ки яке аз сабабҳои он сатҳи баланди таваррум, коҳишёбии босуръати рушди иқтисодиёт ва дигар мушкилот дар низоми пулии мамлакат буд. (Диаграммаи 1)
Дар давоми солҳои аввали соҳибистиқлолиятӣ дар натиҷаи косташавии муносибатҳои соҳавии иқтисодиёти кишварҳои минтақаи Иттиҳоди Шӯравӣ, вазъи ноороми сиёсии минтақа ва беқурбшавии рубли Федератсияи Русия сатҳи таваррум дар кишвар яку якбора баланд шуд. Ислоҳоти якуми пулӣ дар ҷумҳурӣ моҳи майи соли 1995 гузаронида шуд, ки дар натиҷа ба муомилот аввалин пули миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол - рубл бароварда шуд. Тоҷикистон аз ҷумлаи охирин ҷумҳурии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ буд, ки то моҳи майи соли 1995 дар қаламрави он рубли Федератсия Русия гардиш дошт, ки ин ба дигаргуниҳои номатлуби макроиқтисодӣ, бахусус номувофиқатии нархҳо ва истеҳсоли воқеии маҳсулот оварда расонд.
Аз нимаи дуюми соли 1996 сар карда, дар якҷоягӣ бо Хазинаи байналхалқии асъор (ХБА) ва Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) барномаҳои мушаххас доир ба ислоҳотҳои макроиқтисодӣ ҷорӣ карда шудаанд. Мақсади асосии ин барномаҳо нигоҳ доштани сатҳи таваррум, зиёд намудани маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ва озодкунии нархҳо ба шумор мерафт. Вале ҳатто дар сурати ҷорӣ намудани ин сиёсати иқтисодӣ сатҳи баланди таваррум чун яке аз масъалаҳои асосии иқтисодиёти мамлакат боқӣ мемонд. Аз ин рӯ, нигоҳ доштани мӯътадилии нархҳо ба яке аз вазифаҳои афзалиятноки Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), ки шарти асосии дастгирии инкишофи иқтисодиёт дар маҷмӯъ ба шумор меравад, табдил ёфт.

Диаграммаи 1.
Динамикаи тағйирёбии ННИ ва рушди ММД
дар солҳои 1992-2021 (бо фоиз)

























Сарчашма: ҳисобу китоби муаллиф, бо истифода аз маълумоти Кумитаи омори ҶТ
Баъди марҳилаи сатҳи баланди таваррум (гиперинфлятсия) солҳои аввали барномаи зикршуда (солҳои 1996-1997) ҷиҳати ба даст овардани мақсадҳо доир ба рушди иқтисодиёт ё паст кардани сатҳи таваррум бомуваффақона набуданд. Дар давраи аввалини марҳилаи гузариш БМТ ҳаҷми пулро бо истифода аз ҳадди охирини қарзӣ назорат мекард, вале сар карда аз охири соли 1999 БМТ пай дар пай фишанги мустақими сиёсати монетариро истифода бурда то як андоза дар давраи миёнамуҳлат ва солҳои минбаъда самаранок истифодабарии фишангҳо тавонист болоравии босуръати намояи (Индекс) нархҳои истеъмолиро нигоҳ дошта, ба ҷараёни рушди иқтисодиёт таҳким бахшад. (Диаграммаи 1)
Ҳамин тариқ, оҳиста-оҳиста дар доираи барномаҳои оғозгардида дар ҳамбастагӣ бо ХБА ва БҶ сиёсатҳои танзимшавандаи монетарӣ ва фискалӣ татбиқ карда шуданд, ки дар натиҷа нисбат ба солҳои пешин нархҳои дохилӣ мӯътадил гаштанд.
Қурби мубодилавӣ низ яке аз фишангҳои асосии таъмини содирот ва мӯътадилии макроиқтисодии мамлакат ба шумор мерафт. Бо мақсади беҳтар намудани рақобатпазирии асъори миллӣ БМТ аз қурби мубодилавии муайяншаванда ба шинокунандаю танзимшаванда гузашт. Гузашта аз ин, БМТ сиёсати сахти танзими пардохтпазириро дастгирӣ намуда, бо мақсади роҳ надодан ба паст шудани қурби пули миллӣ меъёри бозтамвилро (фоизиро) нигоҳ дошт.
Қайд кардан ба маврид аст, ки Барнома оиди мӯътадилсозии макроиқтисодӣ масъалаи паст кардани сатҳи таваррумро яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати монетарии Тоҷикистон меҳисобид. Дар натиҷаи татбиқи барномаи мӯътадилсозӣ сатҳи таваррум назар ба нишондиҳандаҳои қабулшуда, масалан аз 159% дар соли 1997 то 2,7% дар соли 1998 тезтар паст шуд. Сабабҳои асосии паст шудани сатҳи таваррум меъёри баланди фоизӣ ва сатҳи пасти даромадҳои аҳолӣ буданд, ки ба маҳдуд гаштани имконияти истеъмолии аҳолӣ оварда расонда ба болоравии қисмати талаботи иқтисодиёт таҳким намебахшиданд. Ба амалӣ гаштани сиёсати қатъии монетарӣ нигоҳ накарда, таваррум ҳамоно таъсирбахш буд ва дар солҳои 1999-2000 боло рафт. Таварруми баланд ва идомадор ба иқтисодиёт таъсири манфӣ расонд. Тақсимоти даромад кам шуд ва сатҳи ворид гаштани маблағгузориҳои хориҷӣ паст боқӣ монда буд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи июни соли 1998 Барномаи ислоҳоти миёнамӯҳлати иқтисодиро барои солҳои 1999-2002 қабул намуд, ки мақсади асосии он барои нигоҳ доштани таваррум дар сатҳи то 7% ва, зиёд намудани ММД-и воқеӣ то 6-7% равона карда шуда буд.
Бо мақсади ба даст овардани ҳадафҳои зикршуда барнома дар асоси сиёсати босамари монетарӣ ва фискалӣ таҳия шуда буд, ки таъсири солҳои тулонӣ натиҷаҳои хуби макроиқтисодиро дар кишвар фароҳам овард. Чун зиёдшавии истеҳсоли маҳсулот мӯътадил буд, болоравии ММД-и воқеӣ дар соли 2002 9.5%, дар соли 2005 6.7% ва дар соли 2007 – 7,8% ташкил намуданд. Таъсири бӯҳрони иқтисоди молиявии ҷаҳонӣ дар соли 2007-2008 ва фишорҳои нобаҳангоми молиявӣ, алалхусус хавфҳои пардохтпазирӣ, асъорӣ ва қарзӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон як қатор тамоилҳои нави таваррумӣ ворид сохт. Вале Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати маҳдуд намудани хавфҳои бавуқӯъпайваст чораҳои қатъии монетарӣ ва фискалӣ андешид.
Ҳамзамон БМТ дар ҳамбастагӣ бо ХБА дар давоми солҳои 2008 то 2012 барномаи молиявии “Имконоти қарзии васеъ"-ро амалӣ намуд, ки бевосита дар раванди барқарор намудани таъсири оқибатҳои бӯҳрони молиявии ҷаҳонии солҳои 2008-2009 ва дар вусъатдодани рушди минбаъдаи иқтисодиёт ва роҳ надодан ба болоравии босуръати сатҳи таваррум саҳим гардид (Диаграммаи 1). Дар натиҷа, рушди иқтисодӣ дар соли 2011 нисбат ба пешбинишуда қавитар гардида, сатҳи таваррум ба як рақам баргашт. Рушди воқеии ММД дар соли 2011 ба 7,4 фоиз расид, ки асосан аз ҳисоби кишоварзӣ, сохтмон ва хизматрасонӣ ба даст омадааст.
Ба хотири татбиқи бомуваффақияти сиёсати монетарӣ Бонки миллии Тоҷикистон чунин фишангҳои сиёсати пулию қарзиро, аз қабили меъёри бозтамвил, меъёри захираҳои ҳатмӣ, амалиёт дар бозори озод ва амалиёт дар бозори асъоррро пайваста истифода бурда, мӯътадилии монетариро фароҳам овард, ки ба зиёд шудани маблағгузориҳои низоми бонкӣ ба иқтисодиёт аз ҳисоби амонатҳои ватанӣ дар солҳои минбаъда оварда, ба таъмини давомноки сатҳи мӯътадили нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва низоми бонкӣ дар тӯли солҳои 2010-2020 таҳким бахшид.
Дар ин шарҳ ба таври мухтасар таҳлили таъсири татбиқи сиёсати монетарӣ ба намояи нархҳои истеъмолӣ (сатҳи таваррум) ва истеҳсоли маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ва зарурати таносубии онҳо барои муайян намудани сатҳи нархҳо ва зиёдшавии истеҳсоли маҳсулот оварда шуда, кори тадқиқотӣ бо истифода аз модели эмперикӣ низ алоқмандии нишондиҳандаҳои бахши монетарӣ ва бахши воқеиӣ иқтисодиётро дар худ инъикос менамояд.

2. Таснифоти модели Вектори авторегрессионии таркибӣ (ВАРТ)
Шакли стандартии тадқиқот барои муайян намудани нақши навоварӣ дар иқтисодиёт модели Вектори авторегрессионии таркибӣ (ВАРТ) мебошад (Симс, солҳои 1980, 1982,1992, Гианини, соли 1992).
ВАРТ-ро метавон барои тадқиқоти таъсири динамикии навовариҳо ба сиёсати монетарӣ, тағйиротҳои мухталифи макроиқтисодӣ ва баҳои таъсири навоварии сиёсати монетарӣ ба ҳисобу китобҳо, ки ба ҳодисаҳои махсуси макроиқтисодии марҳилаҳои пешин вобаста мебошанд, истифода бурд.
Мақсади ин тадқиқот – баррасии таъсири сиёсатҳои монетарӣ ва асъории БМТ ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ дар марҳилаҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат, ҳамчунин самаранокии онҳо ба сатҳи нархҳо ва ММД-и воқеӣ дар ҷараёни марҳилаи гузариши солҳои 1996-2020 мебошад. Бинобар ин, тадқиқоти эмперикии мазкур барои давраи зикргардида бо истифода аз нишондиҳандаҳои макроиқтисодии моҳона, мисли сатҳи воқеии афзоиши ММД, сатҳи таваррум, афзоиши ҳаҷми пул (М1), меъёри бозтамвил ва афзоиши номиналии қурби мубодилавӣ омода шудааст.
Бо истифода аз маълумоти моҳонаи макроиқтисодӣ модели ВАРТ иборат аст аз системаи муштараки баробариҳои (1-5 ):












ки дар ин ҷо er (лог аз афзоиши номиналии қурби мубодилавӣ) , ir (лог аз меъёри фоизи номиналӣ, m (лог аз афзоиши ҳаҷми пул) , g (лог аз сатҳи воқеии афзоиши ММД) ва p (лог аз сатҳи афзоиши намояи нархҳои истеъмолӣ) мебошанд. Дар ин баробариҳо аломатҳои eter, etir, etm, etg etp тағйирёбандаи эгзоҷенӣ (берунӣ) буда, хатоҳои ба назаргирифтаи муваққатиро ифода менамоянд ва онҳо мустақил буда, ҳамчун сохторҳои навоварӣ ифода ёфтаанд. Ҳамзамон ert, irt, mt, gt, pt тағйирёбандаи эндогенӣ (дохилӣ) буда, аз рӯи ҳаҷми коэффитсиенти b ва
муайян карда мешаванд, нишон дода шудааст.

Модели тартибдодаи ВАРТ иборат аз системаи муштараки баробариҳои


(1-5 )-ро метавонем дар намуди қолиб (матрица) нишон диҳем:












дар инҷо i=1,2,…., n.

Бе дохил намудани шумораи лозимии маҳдудиятҳо, бузургиҳо дар модели ВАРТ (1.1-1.5)-ро ёфта наметавонем.
Дар қисми табдил додани модел на камтар аз 10 маҳдудиятҳо дохил карда шуд, то ки ба пуррагӣ модели таркибиро амалӣ гардонем. Фарз мекунем, ки сиёсати монетарӣ ва асъорӣ ба сатҳи таваррум таъсири яквақта доранд, пас барои давраи кӯтоҳмуддат маҳдудиятҳо зарур мебошад. Ҳамзамон хавфҳои монетариро истифода бурда, IRF-ро тартиб диҳем, то ки баҳодиҳии таъсири динамикавиашро нисбати тағйирёбандаҳои дигари иқтисодӣ инъикос намоем.
Фарз мекунем, ки бахши тағйирёбандаҳои монетарӣ ба бахши воқеӣ танҳо бо истифодаи лаг таъсир мерасонад ва баръакси он. Ҳамчунин, қурби мубодилавии номиналӣ ягон хел таъсир ба ММД-и воқеӣ надорад, Умуман дар тартиб додани модели маҳдудшудаи кӯтоҳмуддат 3-то маҳдудиятҳои иловагӣ нишон дода шуданд.
Қобили тазаккур аст, ки маҳдудиятҳои гузошташудаи бахши монетарӣ аз ягон сиёсати реҷаи махсусе вобастагӣ надоранд. Аз лиҳози дигар бартарии модели ВАРТ аз дигар моделҳо дар он аст, ки ин имконияти амалӣ намудани функсияи IRF-ро дода, санҷиш мегузаронад, ки оё хавфҳои иқтисодӣ метавонанд ба тағйирёбандаҳои эндоҷенӣ (дохилӣ) дар мавриди амалӣ шудани назарияҳои иқтисодӣ таъсир расонанд.
3. Нишондиҳандаҳо, тарзи ҳисоб ва натиҷаҳои бадастомада
Ҳамаи нишондиҳандаҳо, афзоиши моҳонаи ННИ, сатҳи афзоиши ММД-и воқеӣ, сатҳи афзоиши ҳаҷми пул (М1), сатҳи афзоиши қурби номиналии мубодилавӣ ва меъёри фоизии номиналӣ (меъёри бозтамвили БМТ) аз маҷалаи оморӣ ва сомонаҳои Агентии омор ва Бонки миллӣ ҷамъ оварда шудаанд. Тибқи назарияи вуҷуддошта ва барои дур намудани мушкилотҳои эконометрикӣ дар модели тартибдодашуда аз ҳамаи тағйирёбандаҳо логарифм гирифтем. Ҳамчунин нишондиҳандаҳои давравии вақт дохил карда шуд то имконияти тағйир ёфтани дигаргуниҳои ногаҳониро, ки вобаста ба хавфҳо пайдо мешаванд, инъикос намоянд. Санҷиши решаи ягона доштани тағйирёбандаҳо низ гузаронида шудааст, ки ҳамаи тағйирёбандаҳо I(0) буда, дараҷаи устувориро доро ҳастанд. Бинобар сабаби он, ки меъёри фоизии БМТ барои чанд давраи муаяйн бетағйир нигоҳ дошта шудааст (якчанд моҳ) ва аз тарафи дигар барои берун накардани шумораи зиёди рақамҳои назоратӣ, давомнокии лаг то 2-то интихоб карда шуд, ки аз рӯи критерияи Акайки беҳтарин ҳисобида шудааст (лутфан ба ба Замима нигаред).
Фаразан, сиёсати монетарӣ ва асъорӣ ба сатҳи таваррум таъсири зуд доранд, муайян намудани ин маҳдудият дар ин модел зарур аст. Вале болоравии ҳаҷми пул (М1) ва меъёри бозтамвили БМТ барои тағйирёбии нархҳо дар марҳилаи кӯтоҳмуддат низ ниҳоят муҳим мебошанд
(Ҷадвали 1).



Ҷадвали 1. Ҳисоби коэффитсиенти тағйирёбандаҳо дар давраи кӯтоҳмуддат












Эзоҳ*,** сатҳи муҳимнокӣ аз 1 то 5% мутаносибан
Сарчашма: Ҳисоби тадқиқотии муаллиф


Ҷадвали 2 Ҳисоби коэффитсиенти тағйирёбандаҳо дар давраи дарозмуддат













Эзоҳ*,** сатҳи муҳимнокӣ аз 1 то5% мутаносибан


Сарчашма: Ҳисоби тадқиқотии муаллиф

Аз рӯи коефисиентҳои тағйирёбандаҳои модели тадқиқгардида дида мешавад, ки навовариҳои сиёсати монетарӣ ва асъорӣ дорои иттилооти муҳим дар бораи сабабҳои тағйироти таваррум дар марҳилаҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат мебошад. Масалан, аз натиҷаҳои ба дастомада равшан аст, ки дар давраи кӯтоҳмуддати (дар як вақт) таҳлилгашта ба андозаи як фоиз тағйир ёфтани қурби мубодилавӣ, ё меъёри бозтамвил ва ё нишондиҳандаи ҳаҷми пул метавонад сатҳи болоравии нархҳоро (таваррумро) ба андозаи 0,8%, (-0,6)% ва 2,4 % мутаносибан тағйир диҳад (Ҷадвали 1). Дар давраи дарозмуддат бошад, таъсири тағйирёбии нишондиҳандаҳои монетарӣ ба сатҳи таваррум тамоман заиф буда, нисбат ба рушди ММД (Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ) хеле назаррас аст (Ҷадвали 2).
Аз тарафи дигар таҳлили функсияи майл ва таассур (IRF) нишон медиҳад, ки тағйирёбии як тағйирёбанда баъди як давраи муаяйн ба дигар тағйирёбанда чӣ гуна таъсир мерасонад. IRF барои давраи кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати модели маҳдудшудаи ВАРТ дар замима нишон дода шудааст (ниг. ба Замимаи 2). Масалан, аз руи нақшаи (а), модел нишон медиҳад, ки дигаргунии мусбии қурби мубодилавӣ боиси болоравии нархҳо шуда, майли зиёдшавӣ танҳо пас аз давраи кутоҳ ба вуҷуд омадааст. Дар нақшаи (б) бошад, майли таркибии нархҳо нисбати дигаргунии меъёри фоизӣ начандон таъсири муҳим расонидааст. Ин нишон медиҳад, ки тағйирёбии меъёри бозтамвили БМТ яку якбора ба нархҳо таъсири мусбӣ расонида, баъдан майли пастшавиро ба худ касб мекунад. Диаграмаи (в) нишон медиҳад, ки дигаргуншавии ҳаҷми М1 таъсири муҳим дошта, нархҳо бештар дар давраи кутоҳмуддат тағйир ёфтаанд. Вале, таъсирнокӣ оҳиста - оҳиста ноаён мегардад. Ҳамзамон майли нархҳо яку якбора дар натиҷаи тағйирёбии ММД ба вуҷуд меояд. Нақшаҳои дигари замимагардида аз таҳлили функсияи майлу таассури модели ВАРТ дар давраи кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат, ба хусус аз таъсири навоварии сиёсати монетарӣ ва асъорӣ нисбати тағйирёбии раванди ММД-и воқеӣ шаҳодат медиҳанд.

4. Хулоса
Сатҳи баланди таваррум ва коҳишёбии босуръати ҳаҷми воқеии ММД ба даҳаи аввали истиқлолияти кишвар рост омадааст, ки пеш аз ҳама ба бӯҳрони шадиди сиёсию иқтисодии кишвар ва минтақа (собиқ ҷумҳуриҳои иттиҳоди шуравӣ) вобастагӣ дошт. Вале дар натиҷаи татбиқи босамари ислоҳотҳои иқтисодӣ ва татбиқи босамари сиёсати макроиқтисодӣ, ки ҳадафи он дар сатҳи паст нигоҳ доштани таваррум ва устуворнамоии нишондиҳандаҳои макроиқтисодиро дар бар мегирифт, аз интиҳои соли 1998 инҷониб ба мунтазам паст гардидани сатҳи таваррум ва афзоиши воқеии ММД мусоидат намуд. Дараҷаи устуворнокии низоми бонкӣ буд, ки дар солҳои 2000- ум инҷониб афзоиши маблағгузории ватанӣ вусъат ёфта, омили асосии рушди босуръати иқтисодиёт ҳисоб гардид.
Омӯзиши мазкур таҳлили таъсирнокии навовариҳои сиёсати монетарӣ ва асъориро ҳамчун сарчашмаи тағйироти махсуси таваррум ва ММД-и воқеӣ инъикос менамояд. Ҳолати фаврии натиҷаҳои макроиқтисодиёти Тоҷикистонро ба назар гирифта, чунин тарзи баҳодиҳие лозим аст, ки сиёсати макроиқтисодиро амалӣ намояд. Бинобар ин, тадқиқоти зерин чунин имкониятро дар татбиқи модели ВАРТ, ки истифодаи он барои кишварҳои рӯ ба тараққӣ хос мебошад, зарур мешуморад.
Мақсади асосии ин омӯзиш, тадқиқ намудани самаранокии тағйирёбии сиёсати монетарӣ дар бахши воқеии иқтисодиёти кишвар, бахусус дар тағйир ёфтани нархҳо ва ММД-и воқеӣ мебошад. Вобаста ба ин, бо истифода аз нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, модели ВАРТ-ро тартиб додем, ки маълумоту рақамҳоро барои давраи дарозмӯҳлат, яъне солҳои 1996 то 2020-ро дар бар гирифтааст.
Бо дарназардошти натиҷаҳои бадастоварда қайд кардан ба маврид аст, ки дар давраи кутоҳмуддат алоқамандии нишондиҳандаҳои монетарӣ бо сатҳи таваррум ва ё мӯътадилнамоии нархҳо бештар буда, дар давраи дарозмуддат барои танзимдарории нархҳо таъсири назаррас надорад. Бараъакс, ин нишондиҳандаҳо дар давраи дарозмӯҳлат ба рушди иқтисодиёт мусоидат намуда, дар давраи кӯтоҳмуҳлат барои рушди ММД камтар таъсир расондааст. Бинобар ин ҷиҳати нигоҳ доштани мӯътадилии нархҳо ва ҳамзамон баланд бардоштани рушди ММД ва ба ин васила таъмини ҷойҳои корӣ ва баландбардории даромаднокии аҳолӣ тавсия ва пешниҳод менамоем, ки дар давраи кутоҳмуддат ҳангоми афзоиши шокҳо(зарбаҳо) сиёисати қатъии монетарӣ бурда дар давраи миёнамуҳлат ва ё дарозмуҳлат аз сиёсати ғайриқатъӣ ва ё чандир(флексибл) истифода намудан барои иқтисодиёт саҳим мебошад.
Хулоса, навовариҳои монетарӣ ва қурби мубодилавӣ ба сатҳи тағйирёбии нархҳо дар давраи кӯтоҳмуддат ва ба сатҳи ММД-и воқеӣ бошад дар давраи дарозмуддат дар давоми марҳилаи гузариш саҳми муҳим мегузоранд. Таҳлили умумӣ нишон медиҳад, ки татбиқи дурусти сиёсати пулӣ ва асъорӣ, бахусус ҳаҷми пул, меъёри бозтамвил, қурби номиналии мубодилавӣ фишанги асосии инкишофи мамлакати давраи иқтисодиёти гузариш буда, метавонад эҳтимолияти мӯътадил нигоҳ доштани сатҳи таваррумро ба даст орад.


Дар умум, модели мазкур (ВАРТ) барои гузаронидани таҳлили давраи кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат истифода шуда, ҷиҳати муайян намудани саҳеҳии дурнамои минбаъдаи марҳилаи пешорӯй ва татбиқи босамари сиёсати монетарии дилхоҳ иқтисодиёти хурд тавсия дода мешавад.

Адабиёти истифодашуда:




1) Бонки миллии Тоҷикистон “Ҳисоботи солона”, 2003, саҳ. 7-26, ш. Душанбе
2) Бонки миллии Тоҷикистон “Маҷаллаи омории бонкӣ”, 1999, 1(41), саҳ. 14-29, ш. Душанбе
3) Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон “Нишондиҳандаҳои солонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои с. 2002”, 2002, саҳ. 104, 161-162, ш. Душанбе
4) Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон “Нишондиҳандаҳои солонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои с. 2010”, 2011, саҳ. 110 - 145, ш. Душанбе
5) Хазинаи байналмилалии асъор, Ҳисоботи мамлакатҳо (Тоҷикистон). “News Brief” № 00/97, Oктябри с.2000, Вашингтон
6) Симс С. А., “Макроиқтисодиёт ва воқеият”. 1980. Маҷаллаи Эконометрика. Б. 48, саҳ. 1-49
7) Симс С. А., “Таҳлили сиёсат бо истифода аз моделҳои эконометрикӣ”. 1982. Тадқиқотҳои Брукинг оиди фаъолияти иқтисодиёт. Б. 2, саҳ. 107-152.
8) Симс С. А., “Омӯзиши омили қатораҳои (нишондиҳандаҳои) макроиқтисодиёт”. 1992. Маҷаллаи шарҳи иқтисодии Аврупо. Б. 36, саҳ. 975-1011.
9) Гианнини С., Мақола оиди ВАРТ дар эконометрика, 1992 саҳ. 26-34, Спринг-Верлаг. Хейделберг, Берлин.
10) www.stat.tj/ сомонаи расмии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
11) www.nbt.tj/ сомонаи расмиии Бонки миллии Тоҷикистон



12) М. Ташрифов, «Модели сиёсати монетарии кишвари хурди иқтисодиёти гузариш ба бозордошта дар мисоли Тоҷикистон». IDEC ANU – Кори илмӣ-тадқиқотӣ №09-05, Маҷаллаи рушди иқтисодиёти байналмилалӣ, 2005, саҳ. 5-21, Австралия.



Ташрифов Муҳамадюсуф, д.и.и. (ANU)
Дотсенти Академияи Идоракунии
давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мушовири Раиси Раёсат оид ба рушди стратегӣ ҶСК “Тавҳидбонк”