TAWHIDNEWS
Охирин ва муҳимтарин хабарҳо оиди низоми бонкдории исломӣ дар ҷаҳон ва ҶСК “Тавҳидбонк”


"САБЗ" - Беҳтарин ранг дар рӯи замин



Муштариёни азиз, корти қарзии “Сабз” бо маблағи 3000-сомонӣ ва 6000-сомонӣ танҳо ба хотири дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа, бартараф сохтани мушкилоти мардум ва каме ҳам бошад ҷиҳати беҳбуд бахшидани рӯзгори Шумо роҳандозӣ шудааст. Ногуфта намонад, ки “Сабз” ном гирифтани ин корт бесабаб нест. Зеро ранги Сабз дар таъриху тамаддун ва фарҳанги бузурги ислом ҷойгоҳ ва вижагиҳои махсуси худро дорад, ки инак заррае аз онро пешкаши Шумо мегардонем.
Сабз, зеботарин рангест, ки дар Қуръони карим дар чандин оёт аз он ёд шудааст ва ба унвони бисоти биҳиштиён ва либосҳои абрешимию ҳарири сабзранг ишора гардидааст.
Биҳишт маконе сарсабз аст ва ин яке аз далоили густурдае аз ранги сабз дар фарҳанги ислом аст.
Худованд дар бораи ин ранги зебо дар Қуръони карим оёти фаровоне дорад. Дар Қуръони маҷид миёни соири рангҳо ранги сабз ба унвони ранги либоси биҳиштиён муаррифӣ шудааст:


" وَيَلْبَسُونَ ثِيَابًا خُضْرًا مِنْ سُنْدُسٍ وَإِسْتَبْرَقٍ مُتَّكِئِينَ فِيهَا عَلَى الْأَرَائِكِ ۚ نِعْمَ الثَّوَابُ وَحَسُنَتْ مُرْتَفَقًا"
«Ва ҷомаҳои сабз аз дебои нозук ва дебои маҳкам бипӯшанд; он ҷо бар тахтҳо такя зананд. Ин нек ҷазо аст ва биҳишт некӯ оромгоҳе аст»
Сураи Каҳф, ояи 31.
Агар об мояи ҳаёт аст, ранги сабз намоди таровати зиндагист. Зеро табиат бо ин ранг либоси ҳаёт бар тан мекунад. Мо дар табиат мебинем, ки чаманҳо ва баргҳои дарахтон сабзанд.
Рангҳо метавонанд ба исонҳо ва ё аслан тамоми мавҷудоти кураи замин таъсири зиёде дошта бошанд. Худованди қодиру тавоно дар чанд ояи Қуръони карим ба мо ишора кардааст, ки ранги сабз ранги латиф аст ва бар рӯҳу равони инсон тозагӣ мебахшад ва дар яке аз оятҳо аз ранги сабз ишора шудааст:
«مُتَّكِئِينَ عَلَىٰ رَفْرَفٍ خُضْرٍ وَعَبْقَرِيٍّ حِسَانٍ»
Бар болиштҳои сабзу бисотҳои некӯ такя задаанд.
Сураи Раҳмон, ояи 76
Илова бар ин ки ранги сабз ба саломатии рӯҳи инсон таъсир дорад, бар саломатии ҷисми инсон низ таъсир гузор мебошад.
Дар баёни хосияти ранги сабз бузургони мо фармудаанд: Се чиз ғамро мезудояд: Об, ранги сабз, хушбӯӣ. Имрӯз бо гузашти қарнҳо илм исбот кардааст, ки ранги сабз хусусияти таҳаммулпазирӣ дорад.
Ранги сабз нишонгари тароват ва зиндагист чунки табиат маҳз бо ҳамин ранг либоси ҳаёт бар тан менамояд.
Аз назари равоншиносӣ низ ранги сабз нишонаи ҳаёт ва сабру шикебоӣ аст.
Имрӯз мушаххас шудааст, ки рангҳо дар равони инсон дигаргуниҳо эҷод мекунанд ва дар андешаю зиндагии ӯ таъсир мегузоранд. Ҳар чизе, ки дар табиат вуҷуд дорад ба навъе бо сохтори рӯҳӣ ва ҷисмии инсон марбут аст. Рангҳои табиат дар воқеъ таъдилкунандаи ниёзҳои рӯҳу равони инсон ва таъминкунандаи саломатии чашму таодул дар ҷисму рӯҳ аст.
Аз назари фарҳангӣ “сабз” намоди умед ва пешрафт аст.
Аз ин лиҳоз ранги сабз ва интихоби ин ном барои корти қарзӣ бесабаб нест. Ва аз тарафи Роҳбарият ва ҳайати кормандони бонк тибқи озмун интихоб шудааст.
Чуноне, ки ранги сабз бар рӯҳу равони инсон оромиши хос мебахшад. Корти “Сабз” низ бар рӯзу рӯзгори Шумо, хушию хурсандӣ хоҳад бахшид ва мушкилоти Шуморо бартараф хоҳад кард.

Ҳикматова С.
Котиби матбуоти ҶСК "Тавҳидбонк"