TAWHIDNEWS
Охирин ва муҳимтарин хабарҳо оиди низоми бонкдории исломӣ дар ҷаҳон ва ҶСК “Тавҳидбонк”


Ҳисобот оид ба фаъолияти ҶСК “Тавҳидбонк” дар санаи 01.06.2022 сол


Нишондиҳандаҳои молиявии мусбии Бонк



Дороиҳои Бонк дар моҳи майи соли 2022 ба 190,7 млн. сомонӣ баробар шуда, нисбати аввали сол ба маблағи 5,05 млн.сомонӣ ва ё 2,7% зиёд шудааст. Сармояи бонк ба 117,9 млн. сомонӣ баробар шуда нисбати аввали сол ба маблағи 8,7 млн.сомонӣ ва ё 8 % зиёд шудааст. Ҳиссаи сармояи бонк дар дороиҳо 3 банди фоизӣ афзоиш ёфт.
Бақияи сандуқи маблағгузорӣ дар санаи ҳисоботӣ 40,57 млн.сомониро ташкил дода, нисбати аввали сол ба андозаи 53,6 фоиз афзудааст. Афзоиши маблағгузориҳо аз рӯи соҳаҳои иқтисодиёт дар соли ҳисоботӣ дар бахши тиҷорат ба андозаи 1,4 маротиба, бахши истеъмолӣ 1,2 маротиба, бахши нақлиёт 1,5 маротиба ва бахши манзил 6,9 маротиба ташкил намуд.

Қайд кардан зарур аст, ки ҳиссаи маблағгузорӣ дар таркиби дороиҳо дар соли ҳисоботӣ ба андозаи 6,9 фоиз зиёд гардидааст.

Ҳаҷми амонату пасандозҳои Бонк маблағи 60,3 млн. сомонӣ ва ё 81%-и ӯҳдадориҳоро ташкил медиҳад. Нисбати аввали сол амонатҳои мӯҳлатнок (музораба) 4,3 маротиба афзоиш ёфт, ки ин тағйирёбии босуръат аз ҳисоби бештар гардидани эътимоднокии аҳолӣ ба бонк мебошад.
Даромади умумии Бонк дар соли 2022 маблағи 56,6 млн. сомониро ташкил дода, нисбати соли гузашта 80% афзоиш ёфтааст. Ҳамин тариқ, фоидаи соф дар муқоиса бо соли 2021 ба андозаи 2,3 маротиба афзуда, маблағи 8,7 млн.сомониро ташкил дод, ки дар шароити начандони мусоиди молиявӣ, дар низоми бонкӣ як натиҷаи босамар маҳсуб меёбад.

Нишондиҳандаи дигаре, ки маврид ба арзёбист, ин сармояи танзимшавандаи Бонк мебошад, ки дар санаи ҳисоботӣ 101,2 млн.сомонӣ баробар гардид, ки ин яке аз омилҳои рушди молиявии Бонк ба ҳисоб меравад.

Дар давоми моҳҳои январ-майи соли ҷорӣ воридоти интиқоли маблағҳо тавассути низомҳои интиқолӣ аз хориҷа ба ҷумҳурӣ раванди чӣ коҳишёбӣ ва чӣ афзуншавиро инъикос менамуд. Чӣ тавре, ки аз диаграма маълум аст, вобаста ба вазъи ногувори сиёсӣ дар ҷаҳон, бахусус оғози муҳорибаҳо дар моҳҳои январ- феврал байни Русия ва Украина воридшавии интиқоли маблағҳоро то як андоза коста намуд, аммо бо дарназардошти тадриҷан усувор гардидани рубли русӣ нисбат ба дигар асъорҳо ҳаҷми воридоти интиқоли маблағҳо аз хориҷа ба мамлакат дар моҳҳои апрел - май раванди болоравиро соҳиб гардида Нишндиҳандаи мазкур дар давоми 5 - моҳи аввали соли ҷорӣ ба андозаи 35,5 % афзоиш ёфт.