TAWHIDNEWS
Охирин ва муҳимтарин хабарҳо оиди низоми бонкдории исломӣ дар ҷаҳон ва ҶСК “Тавҳидбонк”


Ҳисобот оид ба фаъолияти ҶСК “Тавҳидбонк” барои давраи январ-сентябри соли 2022

Дороиҳои Бонк тули соли ҷорӣ пайваста тамоюли болоравӣ дошта, дар нуҳ моҳ ба 301,3 млн. сомонӣ баробар шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 ба маблағи 119,8 млн. сомонӣ ё 66,0 фоиз зиёд гардидаанд. Дар 9-моҳи соли равон даромадҳои умумии Бонк нисбат ба соли 2020 дар доираи 80% афзоиш ёфтаанд (нигаред ба Диаграмаи 1).



Диаграмаи 1










Уҳдадориҳои Бонк ҳамчунин дар давраи ҳисоботӣ раванди болоравиро касб карда, 181,6 млн.сомониро ташкил доданд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2021 ва 2020 мутаносибан ба андозаи 1,9 ва 2,3 маротиба афзудааст. Афзоиши ҳаҷми уҳдадориҳои бонк асосан аз ҳисоби зиёд гардидани амонату пасандозҳои муҳлатноки ҷалбшуда ба вуқӯъ омадааст.
Бақияи ҳаҷми амонату пасандозҳои Бонк дар санаи 30 сентябри соли 2022 маблағи 82,2 млн. сомониро ташкил дода нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 ва соли 2021 мутаносибан баробар ба 35% ва 11,7% афзоиш ёфтааст, ки ин тағйирёбии босуръат аз ҳисоби бештар гардидани эътимоднокии аҳолӣ ба аввалин бонки исломӣ дар ҷумҳурӣ мебошад.
Дар ин давра афзоиши Сармояи бонк то як андоза ба неазар расида дар охири семоҳаи сеюми соли равон маблағи 119,7 млн. сомониро ташкил намуд, ки ин дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2021 ба ма маблағи 30,2 млн. сомонӣ ва ё 33,7 фоиз афзоиш ёфтааст. Сармояи саҳомии Бонк дар давраи ҳисоботӣ нисбати ҳамин давраи соли пешин 20 млн.сомонӣ (30,8 %) афзоиш ёфтааст (нигаред ба Ҷадвали 1).



Ҷадвали 1











Аз Ҷадвали 1 дида мешавад, ки дар давоми 9-моҳи соли ҳисоботӣ сандуқи маблағгузории Бонк босуръат рушд ёфта бақияи он маблағи 68,7 млн.сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 ба андозаи 2,9 маротиба ва ё маблағи 45,3 млн.сомонӣ ва дар муқоиса ба ҳаминдавраи соли 2020 такрибан 10 маротиба афзудааст (нигаред ба Диаграмаи 2). Ҳамзамон, ҳиссаи маблағгузориҳои батаъхирафтодаи Бонк дар сандуқи маблағгузорӣ андозаи 0,16 фоизро ташкил додааст, ки ин нишондиҳанда дар соли қблӣ ба сифр баробар буд. Яке аз сабабҳои пайдоиши маблағҳои батаъхирёфта дар таркиби сандуқи маблағгузории Бонк аз ҳисоби афзоиши даҳкаратаи он мансуб меёбад.




Диаграмаи 2
















Афзоиши маблағгузориҳо аз рӯи соҳаҳои иқтисодиёт дар соли ҳисоботӣ дар бахши тиҷорат ба андозаи 36%, бахши истеъмолӣ 12%, бахши нақлиёт 36% ва бахши манзил 16% ташкил намуд (Ҷадвали 2).



Ҷадвали 2












Фоидаи софи Бонк Дар давоми давраи ҳисоботӣ маблағи 14,9 млн. сомониро ташкил дод, ки дар муқоиса бо соли 2021 ба андозаи 3,1 маротиба ва ё 10,1 млн. сомонӣ афзудааст. Нишондиҳандаи молиявии мазкур бештар аз ҳисоби самаранок ба роҳ мондани фаъолият дар бахшҳи маблағгузорӣ, амалиётҳои асъорӣ ва самаранок истифодабарии захираҳои мавҷудаи Бонк ба даст омадааст (нигаред ба Диаграмаи 3).


Диаграмаи 3











Даромаднокии дороиҳо ва сармояи Бонк дар давоми моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ мутаносибан 4,9% ва 12,4% -ро ташкил намуда дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2021 ба андозаи 2,3 ва 7,1 банди фоизӣ афзудааст.
Аз Ҷадвали 2 маълум мешавад, ки ҶСК “Тавҳидбонк” дар давоми давраи ҳисоботӣ мисли солҳои қаблӣ доимо меъёрҳои мақбули БМТ-ро риоя намудааст ва ҷиҳати нигоҳ доштани сатҳи лозимӣ дар доираи талаботҳои Бонки миллӣ иҷрои меъёрҳоро пайваста таҳти назорат қарор додааст (нигаред ба Ҷадвали 3).
Ҷадвали 3













Дигар нишондиҳандаҳои молиявии бонк низ дар давоми давраи ҳисоботӣ афзоиши устуворро касб кардаанд. Аз ҷумла, дар ин давра ҳаҷми интиқолҳо босуръат боло рафта нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 ва соли 2020 мутаносибан 16,2 фоиз ва 123 фоиз зиёд гардидааст (нигаред ба Диаграмаи 4).
Диаграмаи 4














Яке аз нишондиҳандаҳои асосие, ки метавонад нуфузу эътибори аввалин бонки исломӣ дар мамлакатро баландтар бардорад ин заминаи(базаи) шумораи муштариён ба шумор меравад , ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ бештар аз 2,2 маротиба афзудааст ва дар интиҳои давраи ҳисоботӣ 31 361 нафарро ташкил додааст (Диаграмаи 5).


Диаграмаи 5














Яке аз нишондиҳандаҳои асосие, ки метавонад нуфузу эътибори аввалин бонки исломӣ дар мамлакатро баландтар бардорад ин заминаи(базаи) шумораи муштариён ба шумор меравад , ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ бештар аз 2,2 маротиба афзудааст ва дар интиҳои давраи ҳисоботӣ 31 361 нафарро ташкил додааст (Диаграмаи 5).
Диаграмаи 5Ҷалби амонатҳои пасандозӣ ва муҳлатнок дар 9 моҳи соли равон ҷараёни босуръат зиёдшавиро соҳиб гардида, дар муқоиса ба ҳамин давраи солҳои 2021 ва 2020 мутаносибан ба андозаи 41,6 фоиз ва 6,4 маротиба афзуда, дар интиҳои давра бақияи он маблағи 38,8 млн.сомониро ташкил додааст (Диаграмаи 6).

Диаграмаи 6













Шумораи кортҳои додашуда дар давраи ҳисоботӣ бо суръат зиёд гардид, ки ба ин афзоиши талаботи муштариёни Бонк мусоидат намуд. Ин нишондиҳанда дар интиҳои моҳи сентябри соли ҷорӣ ба 12 602 адад расида, нисбат ба ҳамин давраи соли пеш 45,6 % афзоиш ёфтааст (Диаграмаи 7).



Диаграмаи 7















Афзоиши шумораи истифодабарандагони Tawhid Pay низ дар давраи ҳисоботӣ назаррас буд. Ин нишондиҳанда дар охири семоҳаи сеюм ба 18 ҳазор нафар расида, нисбати соли қаблӣ 2,1 маротиба зиёд гардидааст, ки ин ҷараёни босуръати фаъолияти бонкдории рақамиро инъикос менамояд (Диаграмаи 8).



Диаграмаи 8