TAWHIDNEWS
Охирин ва муҳимтарин хабарҳо оиди низоми бонкдории исломӣ дар ҷаҳон ва ҶСК “Тавҳидбонк”


Шиддат ёфтани буҳрони иқтисодӣ-молиявӣ дар ҷаҳон ва хатарҳои он ба иқтисодиёт

Нооромиҳои сиёсӣ-иқтисодӣ дар ҷаҳон рӯз аз рӯз авҷ гирифта, нисбат ба давлатҳои тараққиёфта феълан кишварҳои рӯ ба тараққӣ бештар зери таъсири ин бӯҳрони вазнин қарор доранд, ки офати он тавонист дар муддати начандон тулонӣ иктисодиёташонро заиф намояд.
Дурнамои иқтисодӣ барои соли 2023 вобаста ба вазъи ногувори геополтикӣ ва тул кашидани буҳрони иқтисодӣ-молиявӣ дар ҷаҳон гуногун хоҳад буд.
Мутобиқи дурнамои таҳлилгарони Хазинаи Байналмилалии Асъор интизор меравад, ки иқтисоди ҷаҳонӣ дар соли 2023 танҳо то 1,7% афзоиш ёбад. Тибқи пешгӯиҳо заифшавии шадиди рушди иқтисодӣ дар соли 2023 аз эҳтимол дур нест, яъне барои 95% кишварҳои пешрафта ва тақрибан 70% иқтисодҳои рӯ ба тараққӣ ва давлатҳои дар ҳоли рушд буда, интизории коҳишёбӣ дар назар аст.
Аксари иқтисоддонҳо интизори эҳтимолияти рушди мӯътадил ё қавӣ дар Ховари Миёна, Африқои Шимолӣ ва Осиёи Ҷанубӣ ҳастанд, дар ҳоле бархе аз онҳо бар ин назаранд, ки дар соли 2023 рушди иқтисод дар ИМА ва Аврупо заифтар хоҳад гардид.
Барои иқтисоди кишварҳои Аврупо пеш аз ҳама ҷанги давомдор дар Украина ва инчунин оқибатҳои якбора боло рафтани меъёри фоиз таъсир мерасонд. Ҳамзамон татбиқи сиёсати пулию қарзии қатъӣ дар соли 2023 ба дурнамои рушди ИМА метавонад ба таври манфӣ мусоидат намояд.
Мутобиқи таҳлилҳои иқтисоддонҳо интизории хатар(хавф)-ҳои стагфлятсионӣ (рушди иқтисодии заиф ва сатҳи баланди таваррум) аз ҳама бештар дар Аврупо (100 фоиз интизории заиф гардидани рушд ва 57% интизории болоравии таваррум) ва ИМА (91%/24%) дида мешавад. Минтақаи Осиёи маркази аз лиҳози интизории хавфу хатарҳои стагфлятсионӣ пас аз Аврупо ва Амрико дар ҷои сеюм ҷойгир шудааст (69%/42%). Ҳамазамон тибқи ин пешгӯиҳо пас аз Осиёи марказӣ минтақаи Амрикои Лотинӣ (68%/45%), минтақаи кишварҳои Африқо(68%/33%), Чин (48%/5%), Ховари миёна ва Африқои шимолӣ (30%/37%), Осиёи шарқӣ ва мамлакатҳои уқёнуси ором(37%/16%), Осиёи ҷанубӣ (15%/26%) баҳодиҳӣ гардидаанд.
Аз тарафи дигар, мутобиқи пешгӯиҳо дар кишварҳои Ховари миёна, Африқои Шимолӣ ва Осиёи Ҷанубӣ рушди иқтисод дар соли ҷорӣ нисбат ба дигар минтақаҳо қавитар хоҳад буд. Баъзе кишварҳои ин минтақа бошад, аз ҷумла Бангладеш ва Ҳиндустон, аз тамоюли ҷаҳонии диверсификатсияи дур аз Чин бештар баҳра мебаранд.
Идома ёфтани рушди заиф ва таварруми баланд маънои онро дорад, ки сиёсатмадорон бо интихоби душвор рубарӯ ҳастанд, зеро муқовимат ба таваррум бидуни монеъ шудан ба рушди иқтисодиёт яке аз муҳимтарин ва дуруст ба роҳ мондани сиёсати пулию қарзӣ мебошад.
Гарчанде ки дурнамо умуман номуайян аст, нуқтаҳои эҳтимолии дурахшон, яъне коҳиш ёфтани фишорҳои таваррум ва имкони эътидол ва беҳтар шудани эҳсоси истеъмолкунандагон аз назар дур нест. Дар ҳоле ки буҳрони арзиши зиндагӣ ҳанӯз ҳам бузург аст ва ба бисёр одамон таъсир хоҳад кард, дар назар аст, ки шиддати он нисбатан дар соли 2023 сабук хоҳад шуд ва ин пеш аз ҳама вобаста аст ба коҳиш ёфтани қисмати талабот дар иқтисодиёт.
Дар соли ҷорӣ аз эҳтимол дур нест, ки талаботи заифи ҷаҳонӣ ҳамчун бузургтарин мушкилот барои соҳибкорон ва тоҷирон пешбинӣ мегардад ва ин дар муҳлати кутоҳтарин ба заиф гардидани соҳаҳои иқтисодиёт мусоидат менамояд, аз ҷумла дар баланд гардидани арзиши қарзгирӣ, хароҷоти баланди воридотӣ ва норасоии истеъдодҳо мушоҳида мегардад.
Дар минтақаи Осиёи марказӣ низ омилҳои номатлуби буҳрони сиёсӣ-иқтисодии ҷаҳонӣ дар баробари ба раванди соҳаҳои иқтисодиёт, ба низоми бонкии кишвар, пеш аз ҳама тавассути коҳиш ёфтани воридоти интиқолҳои пулӣ таъсири худро гузошта, қисмати талаботи иқтисодиётро коста намуда, ба раванди рушди воқеии иқтисодиёт метавонад зиён расонад.
Гарчанде дар соли сипаригардида (соли 2022) ҳаҷми воридоти интиқоли пулӣ ба кишварҳои минтақа дар сатҳи баланд қарор дошт, тавонист то як андоза дар ҷараёни рушди соҳаҳои иққтисодиёт, алалхусус фаъолияти низоми молиявию бонкӣ саҳми назаррасе расонад, ки ин бевосита аз хубтар будани қисмати талабот ба иқтисодиёт нисбат ба солҳои 2021 ва 2020 гувоҳӣ медод.
Вале бо дарназардошти омилҳои болозикр дар соли 2023 вазъи ноустувори иқтисодиёт бештари кишварҳои рӯ ба тараққиро фаро мегирад ва ин ҳолат ба заиф гардидани қурби асъорҳои миллӣ оварда, ба коҳиш ёфтани ҳаҷми сармоягузориҳо таъсир расонида, қисмати талабот ба иқтисодиётро коста менамояд.
Дар ҳолати вобаста будан аз интиқолҳои пулии аз Руссия воридшаванда, барои кишварҳои Осиёи марказӣ хело душвор аст, ки дар ин ҷараён қурби пули миллии худро устувор нигоҳ доштан, зеро ин метавонад ҳаҷми дороиҳои тиллову асъории ин кишварҳоро то як андоза босуръат кам намояд.
Бинобар коста шудани соҳаҳои иқтисоди миллии Русия (аз ҳисоби талафоти молии зиёд дар ҷанг ва аз ҳисоби ҷорӣ намудани таҳримҳо пулию молӣ) ва ҳамзамон босуръат содиршавии сармоя ва дороиҳои пардохтпазир аз қаламрави Росия (барои маълумот: ҳаҷми захираи асъории Русия дар моҳи декабри соли 2022 атрофи то 570 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дод)7, дар соли 2023 ба коҳишёбии босуръати қурби рубли русӣ нисбат ба асъорҳои пуриқтидори ҷаҳонӣ оварда таъсири шаддиди худро ба болоравии сатҳи таваррум ва коҳишёбии даромадҳои аҳолӣ, даромадҳои буҷетӣ ва ҳаҷми Маҷмуи маҳсулоти дохилии Русияро заифтар намояд (барои маълумот: тибқи дурнамо дар соли 2023 ҳаҷми ММД дар Русия 3,1 % коҳиш меёбад).
Ин омилҳо бевосита ба коҳиш ёфтани ҳаҷми интиқолҳо аз Русия ба кишварҳои Осиёи марказӣ гардида бевосита раванди рушди иқтисодиёти ин кишварҳоро алалхусус низоми бонкиро тавассути зиёд гардидаани мушкилотҳои пардохтпазирӣ дар бонкҳо, коста мегардонад.
Қайд кардан зарур аст, ки яке аз сабабҳои асосии тағйир ёфтани ҳаҷми воридоти интиқоли маблағҳо ин тағйирёбии қурби рубли русӣ нисбат ба пули сомонӣ мебошад. Таҷрибаи солҳои қаблӣ нишон дод, ки ҳангоми устуворгардидани рубли русӣ нисбат ба пули сомонӣ воридоти интиқолҳо босуръат зиёд мегардид ва баръакси он ҳангоми устувории пули сомонӣ нисбати рубли русӣ ҳаҷми он нисбатан коҳиш меёфт.
Аз эҳтимол дур нест, ки лаппишхурии босуръати қурби рубли русӣ нисбат ба асъорҳои қавии ҷаҳон дар соли 2023 ба болоравии нархҳо дар Россия ва кишварҳои шарикони асосии савдои он оварда ба қурби асъорҳои ин кишварҳо то андозае таъсир расонад.
Айни замон қурби рубли русӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ нисбат ба асъорҳои ҷаҳонӣ (ба мисоли доллари ИМА, Евро, фунт стерлинг, юани чинӣ, ва ғ.) бошиддат коҳиш ёфта истодааст. Сабаби асосии коҳишёбии рубли русӣ ин коҳиш ёфтани ҳаҷми захираҳои тиллою асъории Руссия вобаста ба афзоиши хуруҷи сармояи ширкатҳо ва шахсони инфиродӣ, коҳиш ёфтани ҳаҷми содироти нафту дигар маҳсулотҳои содиротӣ, талаботи барзиёд ба маҳсулотҳои воридотӣ, вазъи нохуби тавозуни пардохт ва инчунин то як андоза ноустувор гардидани низоми бонкӣ-молиявии давлати Руссия ба ҳисоб меравад.
Идомаёбии ҷанги Русия бо давлати Украина метавонад дар оянда ба иқтисодиёти Руссия зарбаи бештар зада онро ба фалаҷшавӣ рӯ ба рӯ намояд. Ва тибқи дурнамо қурби рубли русӣ нисбат ба долари ИМА, дар назар аст, ки дар давоми соли ҷорӣ дар доираи то 95 рубли русӣ барои як доллар ба беқурбшавӣ дучор гардад.
Лаппишхурии қурби Рубли Русӣ нисбат ба долл.ИМА*

















*- графики мазкур аз сомонаи https://www.profinance.ru/ оварда шудааст.
Бевосита чунин манзара метавонад ба раванди рушди иқтисодиёти кишвари мо, алалхусус ба фаолияти босамари рушди низоми бонкии он таъсири худро расонад.
Бинобар ин, барои бонкҳои кишвар зарур аст, ки самтҳои фаъолияташонро фавран диверсификатсия намуда бештар ба вусъат додани дигар намудҳои хизматрасонӣ (кортӣ, фосилавӣ, маҳсулотҳои нави исломӣ) ва ривоҷ додани ҳиссаи маблағгузориҳои хурд равона намоянд.
Бо мақсади пешгирӣ намудан аз оқибатҳои зараровари буҳрони дар боло зикргардида (вобаста ба интизориҳои вусъатёбии мушкилотҳои иқтисодӣ-молиявӣ дар Руссия) ва роҳ надодан ба заифгардидани иқтисодиёт, ҳарчӣ зуддтар такмил додани сиёсати макроиқтисодии кишвар, алалхусус сабуки додан дар татбиқи сиёсати монетарӣ (пулию қарзӣ) ва асъорӣ, сиёсати фискалӣ (буҷету андозбандӣ) дуруст мешуморем. Яъне ҷиҳати нигоҳдории рушди муътадили иқтисодиёт дар ин шароити вазнини буҳронӣ, тағйир додани фишангҳои (меъёр ва воситаҳои) сиёсати монетарӣ, асъорӣ ва фискалӣ амале мебошад то дар давраи кутоҳмуҳлат то як андоза кисмати талаботи иқтисодиётро дар як сатҳи муаян нигоҳ дошта, ба ҳамагуна зарбаҳои зараровари беруна ба иқтисодиёт тобовар бошад.

Рӯйхати адабиёт ва манбаъҳои истифодашаванда:

1) Маърузаи «Пешомадхои иктисодии чахон». ИМА, 10 январи соли 2023;
Website: https://www.worldbank.org/en/publication/global-economic-prospects
2) Дурнамои минтақавӣ:
а) Ҳисобот оид ба дурнамои иқтисодии ҷаҳонӣ. Шарҳи минтақавии Осиёи Шарқӣ ва Уқёнуси Ором, 2023;
б) Гузориши ҷаҳонии дурнамои иқтисодӣ. Аврупо ва Осиёи Марказӣ: шарҳи минтақавӣ, 2023;
в) Ҳисобот оид ба дурнамои иқтисодии ҷаҳонӣ. Амрикои Лотинӣ ва ҳавзаи Кариб: шарҳи минтақавӣ, 2023;
г) Ҳисобот оид ба дурнамои иқтисодии ҷаҳонӣ. Шарқи Наздик ва Африқои Шимолӣ: шарҳи минтақавӣ, 2023;
г) Ҳисобот оид ба дурнамои иқтисодии ҷаҳонӣ. Осиёи Ҷанубӣ: шарҳи минтақавӣ, 2023; https://www.worldbank.org/en/news/press-release/2023/01/10/global-economic-prospects
3) Вазъияти иқтисодии ҷаҳон ва дурнамои Созмони Милали Муттаҳид (WESP), 2023;
4) Таваррум ва таназзул: Oё ҷаҳон метавонад инҳоро дар соли 2023 мағлуб кунад? Самеш Ҷа, Феврали 2023, ИМА;
5) Модели татбиқи сиёсати монетарӣ дар иқтисодиёт,
М.Ташрифов, маҷалаи Навиди Тавҳидбонк, июни 2022,
6) Маълумот оид ба қурби асъор: https://www.profinance.ru/news, /2023/04/15/;

М.Ташрифов
Доктори илми иқтисод,
Мушовири Раиси Раёсат
оид ба рушди стратегӣ
ҶСК “Тавҳидбонк”