TAWHIDNEWS
Охирин ва муҳимтарин хабарҳо оиди низоми бонкдории исломӣ дар ҷаҳон ва ҶСК “Тавҳидбонк”



Андешаҳо

Дар назарсанҷӣ аз афрод хоста шуд, ки дар мавриди Аввалин бонки исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҶСК “Тавҳидбонк” маҳсулот, хизматрасонӣ ва тарзи рафтору гуфтор ва муносибату муоширати кормандони бонк фикру ақидаҳои хешро баён доранд.
Хушбахтона тавонистем сари ин мавзӯъ сӯҳбате дошта бошем бо Муовини Сармуҳаррири маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» Далер САФАРОВ
- Далерҷон оиди таъсисёбии Аввалин бонки исломӣ дар кишвари азизамон Тоҷикистон чӣ андеша доред?
Таъсисёбии Тавҳидбонк дар ҷумҳурӣ як падидаи нек ва хубе ба назар мерасад.
Бе муболиға метавон гуфт, ки ҶСК «Тавҳидбонк» бонки беҳтарин, боэътимод ва аз ҷиҳати молиявӣ устувор буда, ба табақаҳои гуногуни аҳолӣ хизматрасониҳои молиявии босифат, алтернативӣ, ахлоқӣ ва одилона пешниҳод мекунад, ки боиси хурсандӣ ва қаноатмандии мо мизоҷон аст. Тавҳидбонк дар бозори хизматрасониҳои молиявӣ худро ҳамчун аввалин бонки исломӣ бо доираи васеи маҳсулотҳо ва хизматрасониҳои бонкдории исломӣ барои муштариёни чакана ва корпоративӣ нишон дод. Алҳол бо боварӣ метавон гуфт, ки ҶСК «Тавҳидбонк» бо пешниҳоди хизматрасониҳои беназир, одилона ва босифати бонкиву молиявӣ, ба бонки исломии №1 дар кишвар ва минтақа гашта аст.
- Кадом маҳсулот ва хизматрасониҳои ҶСК “Тавҳидбонк” бештар ба Шумо писанд аст?
Бешак метавон гуфт, ки ҳамаи маҳсулот ва хизматрасониҳои Тавҳидбонк дар асоси Шариати ислом омода гардида, аз аҳамияти хоса бархурдоранд. Ва барои ҳамватанони мо, ки аксарият мусулмонанд беҳтарину дастрас буда, метавонанд дар рушди иқтисоди кишвар ва коҳиши фақр дар ҷомеа таъсиргузор бошанд.
Аз он ҷумла Музораба, Муробаҳа, Муробаҳаи истеъмолӣ, Муробаҳа-масолеҳи сохтмонӣ, Муробаҳа- Phone, Муробаҳа-манзил, пасандози Ҳаҷ ва ғайраҳоро метавон ном бурд, ки дар шароити феълӣ барои мардуми мо муфиду имконпазир аст. Махсусан барои нафароне, ки аз надоштани манзили истиқоматӣ азият мекашанд, Муробаҳа-манзил маҳсулоти хубу дастрас аст.
- Оиди интиқоли маблағҳо тавассути ҶСК “Тавҳидбонк” чӣ гуфтанӣ доред?
Имрӯз интиқоли фаврии маблағҳо аз Русия ба Тоҷикистон тавассути Бонки Тинкофф ва ҶСК «Тавҳидбонк» имконпазир аст. Махсусан барои дастгирии бародарони муҳоҷир, ки аксаран дар кишвари Руссия кору фаъолият менамоянд, иқдоми хубу муфид мебошад.
Пулро фавран ва бе комиссия бо рақами телефон, тавассути ҳамёни мобилии Тинкофф метавонем дастрас намоем.
Воқеан даст кашидан аз консепсияи фоизи қарзӣ ва татбиқи бонкдории одилона ва бефоиз ба манфиати мардуми кишварамон ва берун аз он мебошад. Пешбурди фаъолият мутобиқ ба принсипҳои Шариат ва роҳ надодан ба амалиётҳое, ки ба принсипҳои исломӣ мухолифат менамояд, сафи мизоҷони ҶСК «Тавҳидбонк» - ро сол аз сол бештар гардонида истодааст.
- Хизматрасонӣ ва тарзи муомилаи кормандони бонкро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
Ба ҳайси як муштарӣ аз сифат ва намудҳои хизматрасонӣ ва муоширату муомилаи кормандони бонки мазкур қаноатмандӣ изҳори мекунам. Эълони Раиси Раёсати ҶСК “Тавҳидбонк” муҳтарам Зардов Ш.Д дар даромадгоҳи бонк таҳти унвони “Сӯҳбати озод бо Раиси Раёсат” гувоҳӣ аз он медиҳад, ки натанҳо кормандон балки Роҳбарият ва Саҳҳомони бонк низ бо мардум робитаи зич дошта, дар дилхоҳ вақт метавонанд ба ҳарфи мардум гӯш диҳанд ва аз рӯи имконот хоҳишу дархостҳои онҳоро бароварда созанд.
Воқеан имрӯз мардум ва муассисоти воқеию ҳуқуқӣ бо ҳадаф ва ангезаҳои гуногуне барои худ барномарезӣ мекунанд, аз ин хотир муваффақтарин ва беҳтарин низоми пулию молӣ он аст, ки мутаносибан битавонад роҳҳое тарроҳӣ кунад, ки ҳам ба нафъи миллат бошад ва ҳам ба нафъи давлат.



Ҳикматова С.
Котиби матбуоти ҶСК "Тавҳидбонк"



24.05.2022