TAWHIDNEWS
Охирин ва муҳимтарин хабарҳо оиди низоми бонкдории исломӣ дар ҷаҳон ва ҶСК “Тавҳидбонк”



Ахлоқи корманди Бонки Исломӣ


Ба номи Худованди Бахшанда ва Меҳрубон.

Дар қадами аввал шахс ҳамчун инсони мусалмон ахлоқи накӯ ва писандидаеро доро бошад, ки дар ҷомеаи башарият қобили қабул ва дар охират аз он баҳраманд гардад.
Дар доираи ахлоқи ҳамида шомил мешавад ростгуфторӣ, росткирдорӣ, рострафторӣ, ҳурмату эҳтиром ва ғайра, ки тибқи гуфтаҳои Қуръон ва суннат анҷом ёбад, чунончи муаллими башарият пайғомбари Худо Муҳаммад (с.а.с) мефармоянд: “Ба таҳқиқ ман мабъус шудам барои пурра гардонидани ахлоқи накӯ “ ва Худованд дар Қуръон дар васфи ахлоқи пайғамбарамон мефармояд:
“Ба таҳқиқ ту дорои ахлоқи бузурге ҳастӣ”.
Яке аз тавсияҳои асосии дини мубини Ислом пойбандӣ ба ахлоқи нек ва хислатҳои ҳамидаи инсонӣ аст ва ҳадафи аслӣ аз нузули Қуръон ҳам ҳамин матлаб мебошад.

Худованди таборак ва таъоло Қуръонро чун сарчашмаи бузурги одобу ахлоқ барои мардум фиристод, вале андаке аз мардум аз он панд мегиранд.
«Ва мо дар ин Қуръон ба ҳар навъ сухан гуфтем, то пандпазир шаванд, вале ононро ҷуз нафрат намеафзояд» (Сураи “Исро”, ояти 41).
Инро фаромӯш набояд кард, ки инсони муъмин дар баробари дигар арзишҳои фитрӣ бо доштани ахлоқи ҳасанаи худ дар дунё ва дар охират мартабаеро ноил хоҳад гашт чунон чи дар ҳадисҳои пайғамбари Худо омада аст:
Ҳадис:
«Ҳеҷ чизе дар рӯзи қиёмат дар тарозуи бандаи муъмин сангинтар аз ахлоқи накӯ нест, ва Худованд зишт медорад бадкирдору бадгуфторро».
Пайғамбар (с.а.с)-ро аз он чӣ, ки бештар мардумро ба биҳишт дохил месозад пурсида шуд, фармуд: «тақвои Худо ва ахлоқи накӯ».
«Комилтарини муъминон аз назари имондорӣ дорои накӯтарин ахлоқашон аст».
Дар бораи манфиат ва подош ҳои ахлоқи нек ҳам чанде аз суханони бузургонро зикр мекунем: (1)
Хушрафторӣ, яке аз заврақҳои наҷот аст. (имом Ҷаъфари С.)
Ончи, ки моро ба нобудӣ хоҳад кашонд аз ин қарор аст:
- сиёсат бидуни усул,
- лаззат бидуни виҷдон,
- илм бидуни шахсият ва
- тиҷорат бидуни ахлоқ. (Гандӣ)

Ахлоқ муҳимтарин дарс аст, ҳарчанд дастмузди он гарон бошад. (Томас Карлейл)
Дар хушрафторӣ канзе аз ризқҳо нуҳуфта аст. (Зарбулмасали арабӣ).


Маънои иҷтимоӣ ва маданӣ-фарҳангии ахлоқ дар муқаррароти он аст, ки ба талаботҳои инсонӣ ба монанди талабот ба муошират, ҳурмату эҳтиром, ғамхорӣ дар ҳақи ҳамдигар, эҳсосоту накӯхоҳӣ ба ҳамдигар доштаи одамон рабт дорад.

Рафтори нек барои инсон низоми зиндагиеро муқаррар мекунад, ки бар ҳама некӣ асос ёфта, аз ҳар гуна бадӣ пок аст. Шаъну шараф, худдорӣ, ва хушодобӣ дар тӯли асрҳо аз ҷумлаи фазилатҳои хуби инсонӣ маҳсуб мешуд, дар ҳоле ки, бадрафторӣ ва дағалӣ ҳеҷ гоҳ ҳамчун хислатҳои неки ахлоқӣ эътироф нашудааст.

Дар робита ба гуфтаҳои болозикр инсон вақте, ки саҳар бо як табъи болида ба ҷойи кории худ ҳозир мешавад бояд ба рафтор, кирдор, ахлоқ ва мазҳари зоҳирии худ аз ҷумла ба назофат ва либоси тозаву покизаи худ аҳамияти ҷиддӣ диҳад то ин, ки ҳамчун инсони намуна дорои ахлоқи исломӣ шинохта шавад.

Инро хотиррасон карданӣ ҳастам ба бародарону хаҳарони азиз, ки дар ҳар ҳолат чӣ дар ҳолати хушӣ бошад ва чӣ дар ҳолати ғазаб ва чӣ дар ҷойи кории худ ва ё берун аз он бошед инро ҳамеша дар хотир дошта бошед, ки Шумо дар мадди аввал мусалмон ҳастед ва корманди бонки исломӣ мебошед ва рафтору, кирдору, гуфтори мову Шумо бояд тибқи таълимоти Қуръон ва суннати пайғамбарамон бошад то ин ки дар дунёву охират растагор бошем.

Сарчашма:
(1) китоби Суханони бузургон
Гирдоваранда: А. Абдураҳмон.





Убайдулло Фозилов
Сардори Шӯъбаи исломӣ
ҶСК “Тавҳидбонк”
02.06.2022